Кристина Тимановская, варзишгари беларусӣ, ки дар Лаҳистон ё Полша паноҳгоҳ ёфт, шоми 5-уми август дар Варшава бо хабарнигорон суҳбат мекунад.
Ин варзишгари 24-сола таҳти фишори раҳбарони риштаи варзиши Беларус қариб буд, маҷбурӣ аз Токио ба Минск бурда шавад, вале аз нишастан ба ҳавопаймо худдорӣ кард. Ҳамсараш низ кишварро тарк карда, қарор аст, ба ӯ ҳамроҳ шавад.
Лаҳистон, ҳамсояи Беларус, вале узви Иттиҳоди Аврупо ба ҳамсарон визаи гуманитарӣ ва ваъдаи таъмини амният додааст.
Саргузашти Тимановская дар бозиҳои имсолаи олимпӣ як моҷарои калоне барпо кард ва бори дигар таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба фазои саркӯбгаронаи режими Александр Лукашенко равона намуд.
Писари Лукашенко – Виктор раҳбарии Кумитаи олимпии Беларусро ба ӯҳда гирифт, вале ин қарорро Кумитаи байналмилалии олимпӣ напазируфт.