Хонаводаи Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони тоҷик ният дорад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон толор ва мактаби ҷудо (дзюдо) бунёд карда, онро бо устодони варзида таъмин намояд. Дар ин бора Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳ бо бародар ва падараш - Моёншо Маҳмадбеков, мураббии ҷудо дар мулоқот бо раиси вилоят Ёдгор Файзов хабар додааст. Сафари Сомон ба вилоят баъди баргаштанаш аз бозиҳои олимпии Токио сурат гирифт. Ёдгор Файзов оилаи варзишгарони тоҷикро барои сӯҳбат пазируфта аз ташаббуси онҳо дастгирӣ кардааст.
Хонаводаи Маҳмадбековҳо, дар вилояти Иркутски Русия ба сар мебарад ва Сомон дар сабқатҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ӯ дар бозиҳои олимпии Токио дар риштаи гӯштини ҷудо (дзюдо) ба ду рақиби худ ғолиб омада, аз намояндаи Озарбойҷон шикаст хӯрд.