Дар охири моҳи июл нархи сӯзишворӣ дар шимоли Тоҷикистон тақрибан бист дарсад афзудааст. Дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ як литр газро наздик ба 6 сомонӣ ва дар ҷойҳои дигар аз он ҳам зиёдтар нарх гузоштаанд. Ҳадди ақал дар нимаи моҳи июл он ба панҷ сомониву чиҳил дирам баробар буд. Арзиши як литр бензинро даҳ сомонӣ ва дизелро нӯҳ сомонӣ мегӯянд.
Фурӯшандагон ин афзоишро шарҳ намедиҳанд. Ронандагон бовар доранд, он ба кам ва гарон шудани воридоти сӯзишворӣ вобастааст. Аслиддин Ҳомидов, ронандаи таксӣ дар Хуҷанд, гуфт, “пештар мегуфтанд, аз Қирғизистон меоранд. Ҳоло мегӯянд, маҳсулотро аз Русия мегиранд. Қаблан ҳама навъи сӯзишворӣ арзон буд."
Ронандаҳо мегӯянд, нархи газ дар Хуҷанд нисбат ба Душанбе бештар гарон шуда, ба кори кирокашу мусофирбарҳо таъсир кардааст. Ба гуфтаи онҳо, мусофирон низ аз гаронии роҳкиро норозиянд, вале чораи дигар надоранд.
“Мо бар иловаи сӯзишворӣ равған мегирем. Хароҷоти дигар ҳаст. Вақте нархи газро бардоштанд, мо бо ҳамон нархи пешина рафта наметавонем. Мо ҳам мардикор ҳастем ва бо нақлиётамон барои пеш бурдани рӯзгор талош мекунем”, -- мегӯяд Аслиддин Ҳомидов.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Деҳқонон ҳам шиква доранд, ки ба хотири гарон шудани роҳкиро аз фурӯши ҳосили имсолаашон фоидаи кам мегиранд. Ба қавли кишоварз, Шодӣ Шодиев, “пеш барои харбуза овардан мошин киро мекардем, 150 сомонӣ буд. Баъд 200 сомонӣ шуд. Ҳоло 350 сомонӣ аст. Албатта, ба нархи маҳсулоту ба даромади мо таъсир мерасонад”.
Дар муқоиса ба аввали имсол арзиши гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз 2 то 3 сомонӣ афзудааст. Дар моҳи январ гази моеъ ҳамагӣ 4 сомонӣ ва бензину дизел бо нархи 7 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Ширкатҳои "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Дар ҳоле ки иддае гаронии нархи сӯзишвориро ба хостҳои монополистони соҳа рабт медиҳанд, пештар мақомоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон далели гароншавии сӯзишвориро ба коҳиши интиқоли он аз Қазоқистон пайванд дода буданд. Ронандагону харидорон дар баста шудани марзҳо бо Қирғизистон медонанд.
Масъулони Раёсати гумрук дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотии ахир гуфтанд, марзбандии ҷониби Қирғизистон таъсиргузор буда наметавонад, зеро дар гузашта ҳам мизони гардиши мол бо ин ҷумҳурӣ дар муқоиса бо кишварҳои дигар “чандон назаррас набуд”.
Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати гумрук дар Суғд, гуфт, “дар ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 20,6 миллион доллари амрикоӣ мол тавассути Қирғизистон ворид шуда буд. Он вақт ҳамагӣ 3,23 дарсад ҳаҷми воридоти умумӣ рақам зада мешуд. Воридоти мол нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ 4,5 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Ин хеле ҳиссаи ночиз дар омори вилоят аст”.
Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад. Ба иттилои расмӣ, соли 2020 ба кишвар 234 ҳазор тонна бензин ва 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ овардаанд.