Дар шаш моҳи аввали имсол дар шимоли Тоҷикистон 19 шаҳрванди Қирғизистонро боздошту муҷозот кардаанд. Бахтиёр Оқилзода, раиси Додгоҳи вилояти Суғд, 30-юми июл гуфт, ин афрод "барои бе санад ва ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон" гунаҳкор шуданд.
"Додгоҳ бар асоси моддаи 335-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 18 нафарро аз 500 то 1 ҳазор сомонӣ ҷарима баст ва як нафарро зиндонӣ кард", -- шарҳ дод ӯ дар нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳар чанд вақт шаҳрвандони якдигарро бо гуноҳи убури ғайриқонунии марз ё додугирифти ғайрирасмӣ дастгир мекунанд. Зоҳиран ин масъала пас аз ҷанҷоли хунини моҳи апрели имсол ва баста шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҷиддӣ шудааст.
Мақомоти Қирғизистон рӯзи якуми майи имсол сокини 55-солаи шаҳри Исфара Саидмурод Ишановро бо гумони убури ғайриқонунии сарҳад дастгир кардаанд. Наздиконаш мегӯянд, ба ӯ ё пардохти 55 ҳазор сомонӣ ҷарима ё як сол зиндон таҳдид мекунад.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми июл гузориш дод, ки мақомоти Тоҷикистон шаҳрванди Қирғизистон Ойбек Маҳмудови 35-соларо бо гуноҳи ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ба панҷ сол зиндон маҳкум кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ӯ моҳи апрел дар ҳудуди ноҳияи Лахш дастир шуда буд.
Бисёре аз деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистонро як роҳ ё наҳр аз ҳам ҷудо мекунад. Пештар сокинон барои рафтан ба қисмати дигари ноҳияи худ бемамониат аз маҳалҳои якдигар мегузаштанд, вале ҳоло як "қадами ноҷо" онҳоро ба дардисар гирифтор мекунад.
Дарозии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километр муайян ва нишонагузорӣ шудаасту бас. Минтақаҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.
Пас аз як чунин задухӯрд дар рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол муносибати ду кишвар ба сардӣ печид. Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, дар ин муноқиша 19 нафар кушта, 87 каси дигар захмӣ шуданд. Қирғизистон аз кушта шудани 36 нафар ва маҷруҳ шудани 189 нафар дар ин даргириҳо хабар дод.