Ҷопон,и мизбони Бозиҳои Олимпӣ, ният дорад, 30-юми июл дар шаҳри Токио ва чаҳор минтақаи дигар ҳолати фавқулодда ҷорӣ бикунад. Мақомоти он кишвар гуфтанд, мавридҳои гирифторӣ ба бемории COVID-19 "рекордӣ шудааст".
Йошиҳиде Суга, нахуствазири Ҷопон, пас аз ҷаласаи коршиносони кишвар дар ин замина изҳорот хоҳад дод. Ҳолати фавқулодда то 31-уми август дар минтақаҳои Саитама, Канагава, Осака ва Чиба, ки дар наздикии Токио мебошад, ҷорӣ мешавад. Чунин чораҳо аллакай дар Токио ва ҷазираи ҷанубии Окинава амал мекунанд.
Ҷопон дар давраи пандемия тавонист, ки аз гирифторшавии сартосарӣ ба коронавирус пешгирӣ кунад, вале ҳоло ба монанди бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон аз навъи бисёр босуръат паҳншавандаи бемории ҳамагир азият мешавад.
Рӯзи 29-уми июл Токио гузориш дод, ки бори аввал дар давраи пандемия дар як рӯз 10 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор шудааст. Беморхонаҳо дар ҳолати сангин кор мекунанд ва нисфи 6 ҳазор кати беморӣ дар ин муассисаҳои тиббӣ бо беморони COVID-19 пур шудааст.
Масъулини бозиҳои олимпӣ ва ҳукумат гуфтанд, Олимпиада ба афзоиши мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус ҳеч рабт надорад. Бозиҳо 23-юми июл сар шуда, то 8-уми август натиҷагирӣ мешаванд. Аз оғози моҳи июл дар деҳаи олимпӣ 220 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмӯъ дар бозиҳои олимпӣ 40 ҳазор варзишгар ва кормандону ёрирасонон иштирок мекунанд.