Додгоҳе дар Беларус телевизиони Belsat-ро, ки бо сармоягузории Лаҳистон (Полша) кор мекард, “тундгаро” номид.
Бастани дафтари ин телевизион дар Беларус як тадбири дигари мақомот дар амри саркӯби матбуоти озод ва ҷомеаи маданӣ мебошад.
Вазорати умури дохилии Беларус рӯзи 27-уми июл гуфт, ба ҳар нафаре, ки хабарҳои Belsat-ро паҳн мекунад, ҷарима ё ҳабс таҳдид мекунад.
Ин телевизион яке аз маъруфтарин пойгоҳҳои хабарии мухолифон аст, ки таҳаввулот дар Беларуси таҳти назари раҳбари худкома Александр Лукашенкоро аз наздик пайгирӣ мекунад.
Бо амри додгоҳ, вебсайти ин телевизион ва тамоми саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста мешаванд. Лукашенко моҳи июл таҳдид кард, ки Беларусро аз фаъолон, матбуот ва ҷомеаи маданӣ “пок” мекунад.
Моҳи август аз интихоботи даъвоии президентии Беларус, ки ба қавли мақомот бо пирӯзии Лукашенко анҷомиду сабаби сар задани эътирозҳои сартосарӣ дар кишвар гардид, як сол пур мешавад.
Ба иттилои маркази ҳуқуқи башари “Весна”, танҳо дар моҳи июл дар ин кишвар беш аз 200 рейд дар дафтарҳои кориву хонаҳои фаъолону журналистон барпо шуд. Ҳоло 27 журналист дар ҳабс ё дар интизори мурофиаҳои додгоҳӣ қарор доранд.
Ду журналисти Belsat TV – Катерина Андреева ва Даря Чултсова ҳам дар зиндон ҳукми дусолаи ҳабсро пушти сар мекунанд.
Яке аз раҳбарони ин телевизион Алекси Дзикавитски гуфт, ки кори ин шабакаи телевизионӣ идома хоҳад ёфт.