Байден: Рисолати ҷангии сарбозони амрикоӣ дар Ироқ охири сол поён меёбад

Пойгоҳи Басмая, Ироқ, январи соли 2016. Низомиёни амрикоиву испанӣ сарбозони ироқиро тамрин медиҳанд

Президенти Амрико гуфт, нирӯҳои амрикоӣ дар охири соли 2021 рисолати худро дар Ироқ поён медиҳанд, вале нақши онҳо ҳамчун мушовиру тамриндиҳандаи артиши Ироқ идома хоҳад ёфт.

Ҷо Байден дар ин бора рӯзи 26-уми июл ҳангоми мулоқот бо нахуствазири Ироқ Мустафо Козимӣ дар Кохи Сафед хабар дод. Дар изҳороти муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ гуфта шудааст, "ҳамкориҳо бар сари масоили тамрин, машваратдиҳӣ ва табодули иттилои махфӣ тамаркуз хоҳад кард".

ИМА моҳи апрел гуфт, ки 2500 низомии амрикоӣ дар Ироқ монда, кори худро дар бахши тамрину машварат идома медиҳанд, вале нагуфт, тағйири нақши онҳо кай сурат мегирад.

Ҷейн Псаки, сухангӯйи Кохи Сафед ба саволи ин ки аз 2500 сарбози амрикоӣ то охири соли ҷорӣ дар Ироқ чӣ шуморе аз онҳо боқӣ мемонанд, ҷавоб надод.

Нирӯҳои амрикоӣ 18 сол пеш ба хотири сарнагун кардани режими Саддом Ҳусайн, раиси ҷумҳури собиқи Ироқ, вориди ин кишвар шуда, дертар раҳбарии Эътилофи зидди ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”-ро ба ӯҳда гирифтанд. Дар изҳороте, ки Кохи Сафед нашр кард, омадааст, Байден ва Козимӣ ба идомаи шарикии амниятӣ таъкид намуданд.