Мудири "Ангишт" гуфт, ки дар кони "Шӯроб" чӣ рӯй дод

Кони "Шӯроб" дар Исфара

Пас аз ду рӯзи таркиш дар кони ангишти "Шӯроб" маъмурияти корхона тафсилоти онро ошкор карданд.

Насим Каримов, мудири кулли ширкати “Ангишт, рӯзи 26-уми июл дар номае ба Радиои Озодӣ навишт: "Дарвоқеъ, соати 16-и рӯзи 24-уми июл аз зери замин гази СО-СО2 ихроҷ ва қисме аз коргарон заҳролуд шуданд. Аксар коргарон бо ёрии аввал наҷот ёфтанд, вале сардори ҳавза, Абдуманнон Тошбоеви 61-сола фавтид. Аз ӯ ду фарзанд монд."

Каримов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, ба оилаи Абдуманнон Тошбоев панҷ ҳазор сомонӣ ёрӣ кардаанд ва, қарор аст, давра ба давра беш аз 40 ҳазор сомонии дигар бидиҳанд.

“Ҳоло вазъи коргарони дигар хуб аст. Аллакай пайомадҳои садамаро бартараф кардем. Бо ризоияти муҳандисону нақбканон тасмим гирифтем корро аз рӯзи 27-уми июл шурӯъ кунем”, -- гуфт Насим Каримов. Вале ӯ дар мавриди зиёни молӣ маълумоти бештар надод.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Таркиш дар кони ангишти Шӯроб. Як нафар ҷон бохта, чанд каси дигар захмӣ шуданд

Ба гуфтаи масъулони корхона, рӯзона то 300 тонна ангишт истеҳсол мекунанд. Танҳо дар дохили нақб беш аз 50 ангишткан фаъолият мебаранд ва дар умум ҳудуди 500 коргар ба истеҳсолу фурӯши ангишт машғуланд.

Вале сокинону коргарони ин шаҳраки саноатӣ дар Исфара мегӯянд, садамаву ҳодисаҳои дигари нохуш дар кон тақрибан ҳар моҳ ба вуқуъ мепайвандад ва аз ин пеш дар соли 2019 як коргар бар асари заҳролудшавӣ фавтида буд.

Кони “Шӯроб” аз конҳои калонтарини истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон аст, ки асосан корхонаву муассисаҳои давлатиро бо маводи сӯхт таъмин мекунад.