Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон барои пароканда кардани мардуми норозӣ аз низомиён ва нерӯҳои Омон истифода кардаанд. Бино ба иттиллои бахши узбекии Радиои Озодӣ, беназмиҳои сокинон баъди он сар задааст, ки рӯзи 21-уми июл як сокини 32-солаи Ургут дар ҳолати мастӣ мардуми деҳаи Ғусро таҳқир намуда, наворро дар шабакаи итҷимоӣ ҷой додааст. Баъдтар ин мард барои гуфтаҳояш узр пурсид, вале аллакай мардуми зиёди норозӣ дар назди хонаи ӯ ҷамъ омада буданд. Мард фирор кард. Дар наворҳое, ки корбарон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ фиристодаанд, дида мешавад, ки сокинон бо талаби муҷозоти ӯ дар назди бинои ҳукумати ноҳия гирд омаданд. Ба нақли шоҳидон, дар пайи ин ошӯб даҳҳо нафар боздошт шудаанд. Раёсати корҳои дохилии вилояти Самарқанд гуфтааст, пас аз тазоҳурот, бар асоси моддаи "Таҳқир" нисбати марди таҳқиргар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.