"Адиба" - "адиб", "муаллима" - "муаллим", "эм" - "ме" шуд. 119 ислоҳи қоидаи имлои забони тоҷикӣ

Ҳукумати Тоҷикистон қоидаҳои нави имлои забони тоҷикиро қабул кард. Ба қоидаҳои имлои забон ба сурати умум 119 тағйиру иловаҳо дароварда шуд.

Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобатиро Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-уми июн тасдиқ кардааст. Нусхаи ин қарор рӯзи 23-уми июл дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Абдураҳим Зулфониён, як масъули Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 23-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баробари чандин тағйир дар қонуни нави имло аз ҷумла ҳарфҳои алифбо ба шеваи тоҷикӣ номгузорӣ шуд. “Масалан ҳарфи “М” бар асоси алифбои русӣ “эм” ном бурда мешуд, акнун “ме” гуфта мешавад. Ё ин, ки ҳарфи “Л” минбаъд “ле” ном дорад. Ҳамин тавр “Н” аз "эн" ба "не" ва “Р” аз "эр" ба "ре", “С” аз "эс" ба "се" ва “Ф” аз "эф" ба "фе" иваз карда шудааст. Дар қоидаҳои нав ба ҷои номи "ӯ" – и дароз танҳо "ӯ "ва "и" – и дароз танҳо "ӣ" омадааст.",- гуфт Зулфониён.

Президент Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳо дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар як суханрониаш ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ дар соли 2019 бо изҳори дареғ гуфта буд, ғалатнависию ғалатгуӣ аз байн нарафтааст ва ин боиси ташвиш аст. Вай зикр кард, ки дар навиштаҳои баъзе рӯзномаю маҷаллаҳо қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ риоя намешаванд. Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки имло танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.

Президент, "гуфтанд" ё "гуфт"?

Тақрибан пас аз соли 2015 дар забони матбуоти тоҷик, ба вижа дар расонаҳои расмӣ ва давлатӣ ҳамроҳи номи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва хабарҳо дар бораи кори Рустами Эмомалӣ, писари калонии ӯ ва шаҳрдори Душанбе, феъли ҷамъ истифода мешавад. Ҳарчанд дар оғоз ин ташаббуси бархе аз расонаҳои давлатӣ буд, дар соли 2019 фарогир шуд ва маълум гашт, ки дар ин бобат дастури шифоҳӣ дода шудааст. Бархе аз сардабирони расонаҳо инро тасдиқ карданд, вале дуруст шумурданд.

Тавре бархе аз забоншиносон ишора мекунанд, яке аз хатогиҳое ки чанд даҳсола дар қоидаи имлои забони тоҷикӣ ҳамчунон мондааст, соз наомадани мубтадо бо хабар мебошад, ки дар ин қоидаи нави имло ҳам дуруст карда нашудааст.

Яке аз муҳақиқони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки зикри номашро зарур нашуморид гуфт, дар забони матбуоти тоҷик ба хусус дар матбуоти давлатӣ, дар боробари исми Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ феъли ҷамъро ба мисли "Эмомалӣ Раҳмон...мулоқот карданд, фармон имзо карданд” ё “Рустами Эмомалӣ ...тақдим карданд”-ро истифода мебаранд, ки хилофи қоидаҳои забони тоҷикист. "Аз нигоҳи қоидаи забон инҷо, мубтадо танҳо омадааст, вале хабар дар расонаҳои давлатӣ ба шакли ҷамъ навишта мешавад, ки иштибоҳ аст",- гуфт ин муҳаққиқ.

Аммо Зулфониён мегӯяд, истисно кардани қоидаҳои забон ба хотири поси шахсони ҷудогона раво мебошад. “Чунин шакли навишт дар кишварҳои дигар ҳам дида мешавад. Масалан дар Эрон, Афғонистон ҳам “Аҳмадинажод сафар карданд” мегӯянд ва ин як қонуни нонавишта аст, ки эҳтиром ба шахсиятҳои алоҳидаро ифода мекунад ва дар фарҳанги мо қабул шудааст”,- иброз дошт, Зулфониён.

Мунтақидон ин истисноро ҷузъи наве дар кеши шахсият донистанд. Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, агар аз ин мантиқ, ки матбуоти давлатӣ барои эҳтиром аз ҷамъбандии феъл дар нисбат ба президенту писараш кор мегирад, пас аз тарафи дигар мешавад гуфт, ки матбуот дигар касеро, ба ҷуз ду нафар, эҳтиром намекунад. Зафар Суфӣ, адиби тоҷик гуфт, ин нишонаи он аст, ки шахспарастӣ ба қоидаҳои забон низ таъсир кардааст ва хотири як шахс онро ба хостаи худ тағйир медиҳанд

"Шоира"- "шоир", "муллима"- "муаллим" шуд

Дар Қоидаи нави имло ҳамчунин калимаҳои “муаллима”, “раиса”, “котиба”, “шоира”, “адиба”, ки то кунун истифода мешуданд, акнун хато дониста шуданд. Дар шарҳи қоидаи нав Зулфониён гуфт, масалан Гулрухсор Сафиева на шоираи тоҷик, минбаъд “шоири тоҷик” бояд навишта шавад. "Ё Шаҳрия Аҳтамзод адибаи тоҷик неву адиби тоҷик ном бурда мешавад. Яъне ҷинсият ба кор бурда намешавад",- гуфт ӯ.

Дар хусуси ҳарфи “Й”-и йотбарсар дар қоидаи нави имло гуфта шудааст, ҳангоми истифодаи калимаи "лой" дар ибораҳо мисли "чоии сабз" қаблан “Й” навишта намешуд, акнун ҳатман истифода навишта шавад. Масалан “лойи замин”, ”чойи сабз”. Ба ин тартиб, ба гуфтаи кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот, дар қоидаи нави имлои забони тоҷикӣ 119 дигаргунӣ дароварда шудааст.

Абдураҳим Зулфониён гуфт, Кумитаи забон ҳамаи тағйиру навигариҳоро дар як дастуруламал ба Вазорати маориф ва илм барои ҷорӣ намудани он дар китобҳои дарсӣ, ба Иттифоқи нависандагон ва ба идораи нашрияву расонаҳо пешниҳод хоҳад кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз тағйири имло то тағйири хат ба форсӣ дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сарнавишти норӯшани "У" ва "Ӯ". Баҳсҳои кӯҳна дар тарҳи нави имлои тоҷикӣ
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Имлои нав ба ҳарҷу марҷ дар забони тоҷикӣ поён хоҳад дод? ВИДЕО
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Дарси имло" дар шаҳрдории Кӯлоб. ВИДЕО