Мақомоти тафтишотӣ рӯҳонии шинохта Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язғуломиро барои таҳқиқи парвандааш, яъне гумони “Даъвати ифротгароӣ тариқи Интернет” (моддаи 307, қисми 1) аз Душанбе ба Хоруғ овардаанд.
Бо тасдиқи ин хабар як манбаъ дар Додситонии Хоруғ рӯзи 23-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски иттиҳомоти мавриди тафтиш дар Язгулом ва Ванҷ рӯй додаанд, айбдоршаванда Қувватбеков як ҳафта пеш ба ин ҷо интиқол дода шуд ва то анҷоми тафтиш дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад.
Наздикони рӯҳонӣ мегӯянд, аз интиқол ёфтани Қувватбеков онҳоро огоҳ накардаанд ва айни ҳол дар борааш иттилое надоранд.
Қувватбек Қувватбеков бародари Абдуллобек рузи 23-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, кӯчондани рӯҳонӣ ба Хоруғ аз оғоз низ эҳтимол дошт, чунки мақомот ҳанӯз ҳангоми боздошташ гуфта буданд, ки парвандаро мақомоти интизомии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боз кардааст.
Ин манбаъ ҳамзамон меафзояд, Абдуллобек Қувватбеков аз замони боздошташ дар моҳи гузашта то ҳоло вакили мудофеъ надорад.
Қувватбек Қувватбеков мегӯяд, “фақат як маротиба ҳамроҳ бо писари Абдуллобек дар боздоштгоҳ бо вай мулоқот кардем, вале ҳеҷ натавонистем суҳбати озод кунем ва фаҳмем, ки чӣ масъала аст. Дар вақти суҳбати мо се намояндаи тафтишот ҳузур дошт, фақат аҳволпурсӣ кардем тамом."
Абдуллобек Қувватбеков, рӯзи 18-уми июн ҳамроҳи бародараш Иззатулло Қувватбеков дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд ва баъди як ҳафта Иззатулло раҳо карда шуд.
Пас аз раҳоии яке аз бародарон, мақомот муҳлати ҳабси Абдуллои Язғуломиро барои ду моҳи дигар дароз карданд ва ӯро ба боздоштгоҳи муваққатии рақами аввал (СИЗО) интиқол додаанд.
Дар авохири моҳи гузашта дар ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ, зодгоҳи Абдуллобек Қувватбеков чанд сокин барои раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ кардаанд. Як тан аз сокинони ноҳияи Ванҷ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки эътирозгарон аз тарафи кормандони милиса пароканда шуданд ва се нафар аз онҳо боздошт шудаанд, вале пас аз се рӯз раҳо шуданд.
Дар навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, онҳо аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, Мавлавиро раҳо кунанд.
Ба гуфтаи Қувватбеков гурӯҳи 8-нафараи кормандони мақомоти интизомӣ субҳи рӯзи 18-уми июн ба манзили зисти Мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломӣ омада ӯро ҳамроҳи бародараш Иззатулло ва бо китобҳои мазҳабиву динӣ ва 80 ҳазор доллар маблағ бо худ бурданд.
“Чанд нафар хонаро тагуру карданд ва ҷуз Қуръон китобҳои дигари диниро ҷамъ карданд ва пулеро, ки бародарам барои фарзандонаш мехост, дар Душанбе хона харад, 80 ҳазор доллар ҳам гирифтанду бо ҳардуи бародарам бурданд”, -- иброз дошт Қувватбеков.
Боздошти Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки наворҳои зиёди ӯ бо мавъизаҳои пуршӯри динӣ ва даъватҳои ваҳдати динию миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд. Манбаъҳои дигар мегӯянд, ин рӯҳонӣ бештар бо табобати беморони рӯҳӣ ва дуохонӣ машғул будааст.