Беш аз даҳ нафар аз пайвандони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бо нишонаҳои бемории COVID-19 дар чанд шифохона бистарӣ шудаанд.
Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари 64-солаи ӯ, рӯзи 20-уми июл аз ин беморӣ даргузашт. Мақомот фавти ӯро тасдиқ карда, аммо сабаби маргашро нагуфтанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари президенти Тоҷикистон "дар бемористон даргузашт"Ҳамин тавр, мақомот расман гирифтории пайвандони дигари раиси ҷумҳуриро ба COVID-19 тасдиқ намекунанд. Вале манобеи Радиои Озодӣ дар чанд бемористон гуфтанд, ҳоло полковник Фахриддин Сафарзода, писари Қурбонбӣ Раҳмонова, бо чанд узви оилааш дар бемористон бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ аст.
Ба иттилои манобеъ, Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон, низ як моҳ боз бо чунин нишона дар бемористон хобидааст: "Вазъи Соҳибов дар "клиникаи Мансуров" хубтар шудааст, аммо рӯзҳои аввал зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд."
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ба камияш ду духтари президент низ бемор буданд, вале дар шароити хона муолиҷа гирифтанд. Аз духтарони президент ном бурда намешавад.
Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то охири моҳи июни имсол батакрор мегуфтанд, ки дар кишвар сирояти коронавирусро сабт накардаанд. Онҳо дар замоне мавҷи дувуми коронавируси навро дар кишвар эътироф карданд, ки хабари гирифториву марги чандин нафар бар асари бемории ҳамагир расонаӣ шуд.
Рӯзи 20-уми июл мақомот гуфтанд, дар кишвар 51 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуда, ду нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
Дар умум, ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрели соли гузашта то кунун 14 ҳазору 228 кас бемор шуда, 97 дарсад шифо ёфтанд ва 114 кас ҷон бохтанд. Баъзе аз сокинону коршиносон омори воқеиро ба маротиб бештар медонанд.