Вазорати тандурустӣ аз афзоиши теъдоди расмии беморон ва қурбониёни коронавируси нав дар Тоҷикистон хабар дод.
Мақомот рӯзи 20-уми июл гуфтанд, танҳо дар шабонарӯзи охир 51 кас бемор шуда, ду нафар ҷон бохтанд. Бо ин, шумораи умумии беморон аз охири моҳи апрели соли гузашта то кунун ба беш аз 14 ҳазору 228 кас расид ва шумори расмии қурбониён ба 114 кас расид.
Мақомот мегӯянд, дар шабонарӯзи охир 43 кас ва дар бештар аз як соли охир 97 дарсад аз беморӣ шифо ёфтаанд.
Баъзе аз сокинону мутахассисон ба дурустии омори мақомот шубҳа доранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, ҳар рӯз чандин нафар аз беморӣ ва даргузашти пайвандону ҳамкорони худ хабар медиҳанд, вале мақомот ҳамаи ин мавридҳоро намепазиранд.
Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то охири моҳи июни имсол пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст. Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки дар кишвар сокинон ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.