Ҳукумати Тоҷикистон ба президент Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти хоҳараш ҳамдардӣ кардааст. Дар номаи тасаллияти ҳукумати Тоҷикистон, ки субҳи 21-уми июл дар расонаҳои давлатӣ нашр шуд, сабаби даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова гуфта нашудааст. Аммо манобеъ қаблан гуфта буданд, ки хоҳари 64-солаи президенти Тоҷикистон рӯзи 20-уми июл аз бемории коронавирус даргузаштааст.
Дар номаи ҳукумати Тоҷикистон, ба Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандонашон изҳори ҳамдарии амиқ изҳор шудааст.
Ҳукумати вилояти Хатлон ҳам бо Эмомалӣ Раҳмон даргузашти хоҳарашро тасаллият гуфтааст.
Қурбонбӣ Раҳмонова ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, раиси собиқи корхонаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" буд, ки соли 2012 дар маҳаллаи "Автовокзал"-и Душанбе кушта шуд.
Манобеъ мегӯянд, маросими дафни Раҳмонова имруз, 21-уми июл дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд.
Дар бештар аз ду ҳафтаи охир ин дувумин намояндаи хонаводаи президенти Тоҷикистон аст, ки ба иттилои манобеъ (мақомот расман намегӯянд) бо гумони гирифторӣ ба бемории коронавирус мефавтад. Рӯзи 5-уми июл Узбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, ки бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология бистарӣ буд, даргузашт.
Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то охири моҳи июни имсол пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст. Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки дар кишвар сокинон ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.
Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти бемории ҳамагир то 20-уми июл дар Тоҷикистон 14228 кас бемор шуда, 97 дарсад шифо ёфтаанд ва 114 кас ҷони худро аз даст додаанд, вале шубҳаҳо ба дурустии омор ҳамчунон боқист. Ҳар рӯз чандин нафар аз бемориву марги наздикони худ бар асари коронавирус ё касалиҳои монанд ба он хабар медиҳанд. Мақомот на ҳамаи ин мавридҳоро мепазиранд.