Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шоми 20-уми июл дар бемористони ҳукуматӣ, дар маҳаллаи машҳур бо номи "Медгородок"-и Душанбе, даргузаштааст.
Мақомоти расмӣ дар ин бора чизе нагуфтанд, аммо чанд манбаъ дар Душанбеву Данғара хабарро тасдиқ карданд. Як манбаъ дар миёни пизишкон ба Радиои Озодӣ сабаби марги Қурбонбӣ Раҳмоноваро ба гирифторияш ба бемории коронавирус рабт дод. Ӯ гуфт, "беморияш тасдиқ шуда буд. Даҳ рӯз дар шифохона хобид."
Қурбонбӣ Раҳмонова ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, раиси собиқи корхонаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" буд, ки соли 2012 дар маҳаллаи "Автовокзал"-и Душанбе кушта шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Талаби 27 соли зиндон барои гумонбар дар қатли язнаи президентМанобеъ мегӯянд, маросими дафни Раҳмонова рӯзи 21-уми июл дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд.
Дар бештар аз ду ҳафтаи охир ин дувумин намояндаи хонаводаи президенти Тоҷикистон аст, ки ба иттилои манобеъ (мақомот расман намегӯянд) бо гумони гирифторӣ ба бемории коронавирус мефавтад. Рӯзи 5-уми июл Узбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, ки бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология бистарӣ буд, даргузашт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Модари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон даргузаштМақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то охири моҳи июни имсол пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст. Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки дар кишвар сокинон ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.
Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти бемории ҳамагир то 20-уми июл дар Тоҷикистон 14228 кас бемор шуда, 97 дарсад шифо ёфтаанд ва 114 кас ҷони худро аз даст додаанд, вале шубҳаҳо ба дурустии омор ҳамчунон боқист. Ҳар рӯз чандин нафар аз бемориву марги наздикони худ бар асари коронавирус ё касалиҳои монанд ба он хабар медиҳанд. Мақомот на ҳамаи ин мавридҳоро мепазиранд.