Воқеаҳои ахири ба Тоҷикистон фирор кардани ҳарбиён ва шаҳрвандони Афғонистон мақомоти Тоҷикистонро водор кард, ки дар минтақаи наздик ба марз, дар вилояти Хатлон, бошишгоҳ ё урдугоҳи махсус барои паноҳандаҳоро бунёд кунанд.
Раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, гуфт, ҳоло Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ ба сохтмони паноҳгоҳ машғуланд.
Вай қабули паноҳандагонро "қарзи инсонӣ" номид ва ёдовар шуд, ки мардуми Афғонистон дар солҳои 90-ум ба шаҳрвандони Тоҷикистон паногоҳ дода буданд.
"Набояд фаромӯш кард, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ сокинони моро қабул карданд. Онҳоро моҳҳо бо хона ва хӯрок таъмин карданд. Имрӯз онҳо дар изтиробанд ва мо вазифадорем, ки кумак кунем. Албатта, бо назардошти меъёрҳои бехатарӣ ва санитарӣ", -- шарҳ дод раиси Хатлон.
Ба иттилои ӯ, бошишгоҳ дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) сохта мешавад. Ҳакимзода аз ин бештар ҷузъиёт надод, вале афзуд, садҳо шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла ҳарбиёни он, ки ахиран ба Тоҷикистон гузаштанд, дар пойгоҳи Мумирак ҷой дода шуданд. Мумирак дар гузашта тамрингоҳи нерӯҳои пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия буд.
"Ҳамаи онҳоро бо ташкилоти байналмилалӣ назорат карда, бо хӯроки гарм таъмин намуданд. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 94 нафар тариқи пули Шоҳон гузаштанд ва дар назди бозори назди сарҳадӣ ҷо карда будем", -- афзуд ӯ.
Раиси вилояти Хатлон гуфт, "то ин замон ҳамаи онҳое, ки ба Тоҷикистон гузашта буданд, ба воситаи ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Кӯлоб ба Кобул расонда шуданд."
Бо ишғол шудани минтақаҳои шимолии Афғонистон аз тарафи Толибон дар аввали моҳи июл зиёда садҳо шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд. Ҳоло бахши умдаи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки зиёда аз 1400 километр аст, зери назорати Толибон мебошад.
Наворро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷангу хушунатҳо дар Афғонистон ду моҳ пеш, замоне ки Амрико эълон кард, нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мебарад, афзоиш ёфт. Ба гуфтаи ҳукумати Афғонистон, дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои ин кишвар бо Толибон садҳо ҳазор одам гуреза шудааст.
Эътилофи ғарбӣ ба раҳбарии Амрико тасмим дорад, то миёнаҳои моҳи сентябри имсол нерӯҳои худро пурра аз Афғонистон берун барад. Соли гузашта Толибон бо ҳукумат барои сулҳ музокира оғоз карданд, вале он қатъ шуд.