"Дастшӯяк моҳҳо боз рӯи обро надидааст". Шикояти сокинони Кӯлоб аз беобӣ. ВИДЕО

Дар гармои тобистон сокинони Кулоб ба вижа сокинони баландошиёна бо камбуди об рӯ ба рӯянд. Сокинони баландошиёнаҳо маҷбуранд аз дигар маҳаллаҳо бо зарф об кашонанд. Идораи обу корези шаҳри Кӯлоб мегӯяд, норасоии об аз он аст, ки қисме аз сокинон оби ошимиданиро барои обёрии дарахтон ва полез истифода мекунанд.

Гулнамо Қурбонова, сокини маҳаллаи "1-уми майи"-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ҳар рӯз кори як узви хонаводаи ӯ обкашонӣ аст. Аз он дар ҳайрат аст, ки мири шаҳр қариб ҳар рӯз обкашонии сокинонро мебинад, аммо мушкил ҳамоно боқист. “Ҳамин мири шаҳр ба пеши ҳамин боғ мегузарад. Бо мошину дучарха мегузарад, ҳоли ҳамин мардуми обкашро, ки кудаконашон дар қафояшон намебинад?”,- мегӯяд Қурбонова.

Дар Кӯлоб хонадоне нест, ки якчанд зарфҳои обгирии пластикӣ надошта бошад. Дар Аврупо истифодаи чунин зарфҳо манъ шуд, зеро олимон мегӯянд, пас аз як муддат онҳо аз худ заҳр хориҷ мекунанд. Аммо барои мардуми Кӯлоб ин зарфҳо азизанд.

Талаб Иброҳимов, сокини маҳаллаи Шоҳин, бо вуҷуди солхурда буданд об мекашонад. “Ба 78 рафтам, ҳамин ду сатили пластмасӣ дар гӯши ман кашол аст. Танҳо вазифаи ман обкашонӣ аст”,- гуфт Иброҳимов.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро биноҳои бисёртабақаи Кӯлоб оби ошомиданӣ надоранд?

Бибифайз Саидоваи 80 сола дар яке аз баландошёнаҳои Кӯлоб хона дорад. Ӯ низ аз набуди об ранҷ мекашад, аммо тавони обкашониро надорад: “Ман як кампири 80-сола набераҳоямро меорам, об кашида медиҳанд. Хонаи ман равед, дастшӯяки ман қасам мехӯрад обро надидааст.”

Дар идораи Обу корези шаҳри Кӯлоб, вуҷуди ин мушкилро тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, як сабаб ин аст, ки бархе аз мизоҷон оби шабакаи шаҳриро барои обёрии полез ва ҳадафҳои дигар истифода мекунанд, ки боиси камбуди об дар дигар маҳаллаҳо аз ҷумла биноҳои баландошиёна мешавад.

Миралӣ Шарифзода, роҳбари Обу корези шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Корхонаи мо бояд, танҳо сокинонро бо оби нушокӣ таъмин кунад. Лекин оби иригатсионӣ нест, тамоми мавҷудоти зинда аз оби нушокӣ истифода мебаранд.”

Шаҳри Кӯлоб севвумин шаҳри бузург дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва 250 ҳазор аҳолӣ дорад. Аммо норасоии об дар ҳамаи минтақаи шаҳр мушоҳида мешавад. Созмонҳои байналмилалӣ борҳо барои таҷдиди шабакаҳои оби шаҳр кӯмак кардаанд. Як моҳ қабл Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои таъмини мардум бо об 15 миллион доллар грант ихтисос дод. Вале сокинон мегӯянд, то онҳо бо оби пок таъмин карда нашаванд, бовар намекунанд, ки ин маблағҳо барои онҳо сарф шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Дар ҳалқаи дарё, вале ташналабем". Шикояти сокинони Фархор аз беобӣ. ВИДЕО
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Об нест, гандуму пахтаи киштаамон сӯхт". ВИДЕО
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дастрасӣ ба оби тоза бештар шуд, аммо 68%-и мардуми деҳот ҳамоно "ташнаанд". ВИДЕО
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ховарон" шаҳраки "муосир", вале қисман бе шабакаи обу корез. ВИДЕО