Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ваъда дод, донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии Қирғизистон таҳсил мекунанд, ба донишгоҳҳои кишвар хоҳанд овард. Пештар вазорат аз донишҷӯёни тоҷику қирғиз, ки дар кишварҳои ҳамдигар таҳсил мекунанд, хоста буд, ба овозаҳо дода нашаванд ва ба таҳсил идома диҳанд.
Маҳмадюсуф Имомзода рӯзи 16-уми июл гуфт, донишҷӯёни тоҷик барои идомаи таҳсил дар Тоҷикистон бояд ба Вазорати маориф муроҷиат кунанд.
Дар пайи муноқишаи охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муносибати ду кишвар сард шуд ва баъзе аз донишҷӯён гуфтанд, дар Қирғизистон ба бархурдҳои номуносиб рӯ ба рӯ шудаанд. Мақомоти Қирғизистон ин хабарҳоро рад карда, гуфтанд, касе донишҷӯёни тоҷикро ихроҷ накарда, ҳатто фишор наовардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мақомот мегӯянд, Қирғизистон 42 шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламраваш берун кардааст. ВИДЕОМаҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл гуфт, дар Қирғизистон беш аз ду ҳазор донишҷӯйи тоҷик таҳсил доранд. Ба гуфтаи ӯ, як қисми ками онҳо дар асоси квотаҳои байниҳукуматӣ ва боқимонда худашон барои таҳсил ба Қирғизистон рафтаанд. Бештари онҳо дар Бодканд, Уш ва шаҳри Бишкек мехонанд.
“Бо мақсади ёрӣ дар сомонаи худ гуфтем, ки ҳар касе мехоҳад ба инҷо биояд, ба мо муроҷиат кунад. Аризаҳои зиёд ворид шуданд, ҳатман кумак мекунем. Ягон шаҳрванди мо берун намемонад. Чанде пеш бо сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон суҳбат доштем. Шаҳрвандоне, ки ҳуҷҷатҳои худро гирифтан наметавонанд, мо ба сафорат муроҷиат мекунем, то кумак намоянд”, -- афзуд ӯ.
Мушкили донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, баъд аз задухӯрди мусаллаҳона дар марз ба миён омад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз донишҷӯёни тоҷику қирғиз хостанд, ки бе нигаронӣ таҳсилро давом диҳандЧандин донишҷӯ ба Радиои Озодӣ навиштанд, маҷбур шуданд, таҳсилро қатъ карда, ба ватан баргарданд. Аз сӯи дигар ба гуфтаи донишҷӯён, марзи Қирғизистон бастааст ва намедонанд, чӣ гуна ба макони таҳсилашон баргарданд.