Мақомоти Суғд даромадгоҳи бахше (қисме) аз бемористони вилоятиро дар Хуҷанд "бастаанд", вале шарҳ намедиҳанд, ки чаро. Дарбонҳо ба сокинон пайваста таъкид мекунанд, ки “даромадан мумкин нест, карантин аст”. Танҳо ба пизишкону афроди масъул иҷозаи гузаштан медиҳанд. Ин вазъ нигарониҳоро дар бораи афзоиши мубталоёни бемории ҳамагир дар минтақа бештар кардааст.
Чанде аз манобеи боварбахш дар бемористони Суғд низ гуфтанд, афзоиши шумори гирифторони коронавирус боис ба тағйирёбии кори шифохонаи вилоятӣ гардид. “Ҳоло нисфи шӯъбаҳои беморхонаро ба ҳолати карантинӣ фаро гирифтаанд”, -- гуфт як мусоҳиби мо, ки нахост номаш зикр шавад. Ин нуктаро мақомот расман тасдиқ ё инкор намекунанд.
Солеҳҷон, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар наздикии бемористони вилоятӣ вохӯрдем. Ӯ мегӯяд, писарамакаш нишонаҳои бемории ҳамагирро дошт ва дар ҳолати вазнин ба инҷо оварданд.
“4-5 рӯз дар хона табобат гирифт, вале ҳамин саҳарӣ вазъияташ бад шуд. Бо мошини ёрии таъҷилӣ ба инҷо овардем. Асосан сулфа ва таб мекунад”, -- афзуд ӯ.
Дар ҳоле ки мақомот дар мавриди ҳамчун “минтақаи сурх” шинохта шудани қисме аз беморхонаи вилоятӣ расман маълумот намедиҳанд, масъулони беморхона дар суҳбати ҳузурӣ гуфтанд, “бештар аз 25 гумонбар ба бемории ҳамагирро бистарӣ кардаанд”.
Маъруфҷон, сокини шаҳри Бӯстон, мегӯяд, яке аз пайвандонаш бо аломатҳои коронавирус дар бемористони вилоятӣ дар Хуҷанд муолиҷа мегирад. “Се рӯз мешавад, ки дар ҳамин ҷо бистарӣ аст. Панҷоҳ дарсади бемориашро дуруст карда, аз шаҳри Бӯстон овардем. Ҳоло табибон мегӯянд, аз дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ берун баровардаанд”, -- нақл кард ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Беморхонаи клиникавии Суғд дар умум аз 31 шуъба ва ҳудуди 600 кати беморӣ иборат буда, аз бузургтарин шифохонаҳо дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад.
Ин шифохона моҳи апрели соли 2020 дар пайи сабти нахустин мавридҳои хуруҷи “вируси корона” ба кишвар як дафъа карантин шуд ва моҳи декабри соли гузашта, баъди 7 моҳ, ба далели кам шудани хуруҷи ин беморӣ ба реҷаи маъмулӣ баргашт.
Сокинони Суғд аз зиёд шудани беморони COVID-19 ва фавтидани баъзе аз беморон суҳбат мекунанд. Мақомот мисли пештара шумораи воқеии беморони коронавирусро пинҳон медоранд. Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии Суғд, рӯзи 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд гуфт, рақамҳои вобаста ба бемории COVID-19-ро танҳо Вазорати тандурустии кишвар медонад.
Вале Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар нишасти хабарии рӯзи 14-уми июл шумори мубталоёни ин бемориро дар ноҳия эълон кард. Ӯ гуфт: “Дар хонаҳо 32 бемори коронавирус ба табобат фаро гирифта шудаанд. 21 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ ҳастанд. Фавт аз ин бемориро ба қайд нагирифтаем ва вазъи беморон хуб аст”.
Аз замони эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор кас бемор шуда, 109 кас ҷони худро аз даст додаанд. Мақомот мегӯянд, 13 ҳазору 600 кас аз чанголи бемории ҳамагир раҳо шуданд, вале шубҳаҳо дар мавриди дурустии омори расмӣ дар кишвар ҳамчунон боқист.