Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 13-уми июл се нафар бар асари бемории коронавирус ҷон бохтаанд. Дар эъломияи вазорат аз қурбониёни нави COVID-19 ном бурда нашудааст. Дақиқ нест, онҳо дар кадом минтақа ва шифохона бистарӣ буданд.
Ҳоло шумори расмии ҷонбохтагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 107 нафар расид. Иддае ин оморро зери шубҳа гузошта, мегӯянд, теъдоди воқеии фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон эҳтимол зиёдтар аст. Ҳар рӯз чандин нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги наздикони худ бар асари коронавирус ё бемории монанд ба он гузориш медиҳанд.
Тибқи иттилои расмӣ, то бегоҳи 13-уми июл теъдоди умумии гирифторон ба COVID-19 дар Тоҷикистон ба 13911 нафар расида, ба иддаои мақомот, қариб 98 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Баъзе сокинону мутахассисон ин оморро низ зери шубҳа мегузоранд.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки вазир Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи сешанбе ба бемористонҳои Душанбе рафтааст. Ба иттилои манбаъ, вазир ба масъулини шифохонаҳо дастур додааст, ки расондани хадамоти тиббиро ба мубатлоёни COVID-19 беҳтар кунанд.
Дастури вазир дар ҳолест, ки шикоятҳо аз кори пизишкон барои табобати мубталоён ба коронавирус кам нест. Ҳафтаи гузашта Марям Исоева, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик, ба хабарнигори нашрияи "Тоҷикистон" аз кори пизишкони бемористони касалиҳои сироятии Душанбе шикоят кард. Вай даъво дошт, ки пизишкон ба ӯ хуб нигоҳбин намекунанд.
Вазорат дар хабарнома гуфт, ҳунарманди маъруф дар як ҳуҷраи алоҳида ҷой дода шуда, як парастор дар пайи нигоҳубини ӯст.
Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то июни имсол сабт шудани ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID-19-ро рад мекарданд. Ҳарчанд хабарҳо дар бораи мусбат баромадани ташхиси чандин нафар ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо рӯзи 21-уми июн тасдиқ кард, ки дар кишвар ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст.