Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, барои гирифтани 800 сомонӣ кумакпулии иҷтимоӣ, ки ба маҳбусони собиқ пешбинӣ шудааст, 475 сомонӣ харҷ кард.
Ӯ мегӯяд, борҳо ба Раёсати Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат муроҷиат кард, вале кумакпулии пешбинишударо барояш надоданд. Масъала танҳо замоне ҳал шуд, ки вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бевосита ба ин масъала дахолат кард. Далер Шарифов мегӯяд, агар кумакпулӣ 100 сомонӣ ҳам мебуд, барои дастрас кардани он талош меварзид, зеро “он ҳаққи вай буд ва бояд аз ҷониби давлат пардохта мешуд”.
Дар ҳоле ки ба арзи ман расидагӣ накарданд, боз гила карданд, ки чаро ба вазорат шикоят бурдаам? Агар ҳаққи ман дар ниҳодҳои поёнӣ ва дар марҳилаҳои ибтидоӣ қонеъ карда мешуд, зарурате набуд, ки ба вазир шикоят барам.
“Ҷумъаи оянда биё, панҷшанбеи дигар биё”
Далер Шарифов, ки бо гуноҳи "барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ" як сол зиндонӣ шудаву охири моҳи январи имсол озод шуд, гуфт, дар маҳбас барояш хабар доданд, ки ба гирифтани кумакпулии иҷтимоӣ ҳақ дорад.
“Тақрибан як моҳ пеш аз ба поён расидани ҳукм дафтареро оварда, гуфтанд, ки имзо гузорам. Пурсидам, барои чист, гуфтанд, “мо ба ту фаҳмонидаем, ки баъд аз озод шудан чӣ имтиёзҳо ва чи уҳдадориҳо дорӣ”. Гуфтам, ин кадом имтиёзҳо аст? Масъулони маҳбас шарҳ доданд, ки баъд аз озод шудан аз ҷумла се моҳ ба гирифтани кумакпулии иҷтимоӣ - ҳар моҳе 400 сомонӣ - дар умум 1200 сомонӣ ҳақ дорам”, - нақл кард Далер Шарифов.
Бино ба қонунгузории Тоҷикистон, на танҳо ба маҳбусон баъди озод шудан, балки ба сарбозон низ пас аз адои хидмат чунин кумакпулӣ пешбинӣ шудааст. Аммо Далер Шарифов мегӯяд, на ҳама аз ин огоҳ ҳастанд ва на ҳамаи соҳибони ҳақ ба ин кумакпулӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Вай дар мисоли худаш мегӯяд, раёсати шуғли аҳолии маҳалли зисташ, ки масъули пардохти кумакпулӣ буд, натавонист, маблағи барои ӯ пешбинишударо бидуни дахолати Вазорати меҳнат бидиҳад.
“17-уми марти имсол ҳамаи санадҳои лозимӣ: нусхаи шиноснома, маълумотномаи озодӣ аз маҳбас, маълумотномаи ҷои зистро таҳия карда, ба раёсати шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат барои дарёфти кумакпулии иҷтимоӣ ариза навиштам. 26-уми март хабар доданд, ки аризаи маро ба қайд мегиранд ва ман барои дарёфти кумакпулии думоҳа ба маблағи 800 сомонӣ бояд дар ибтидои моҳи май муроҷиат кунам”, - гуфт Далер Шарифов.
Ба гуфтааш, ибтидои моҳи май бори дигар ба раёсати Оҷонси шуғли аҳолӣ рафт. Ин бори ҳаштум будааст, ки барои дарёфти кумакпулӣ ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат мекард. Далер Шарифов мегӯяд, бо чӣ анҷомидани моҷаро барояш муҳимтар аз 800 сомонии пешбинишуда буд. Ин дафъа ба вай гуфтанд, рақами телефонашро гузорад ва ҳамин, ки маблағ пайдо шуд, даъваташ хоҳанд кард. Аммо бо гузашти як ҳафта аз раёсат хатту хабаре нарасид. Ӯ ба суроғи сардори раёсати шуғли аҳолӣ рафт.
“Миёнаҳои моҳи май ва бори 11-ум буд (зангҳои телефонӣ беҳисоб), ки ба таври физикӣ ба раёсат муроҷиат мекардам. Сардори раёсат ваъдаи қатъӣ дод, ки як ҳафтаи дигар сабр кунам, масъала ҳал мешавад ва дар сурати ҳал нашудан, метавонам, ба ниҳодҳои дигар шикоят барам. Як ҳафтаи гуфтаашон сабр кардам, вале хабаре нашуд”, - гуфт Далер.
Мақомоти давлатӣ барои як лайку коммент шаҳрвандонро ҷазо медиҳанд, аммо барои пардохт нашудани ҳаққи як маҳбуси собиқ ё сарбозе, ки хидмати ватанро адо кардааст - касе даст ба кор намешавад.
Дар ҳузури вазир
Пас он ки нотавонии раёсати шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат дар пардохти 800-сомонии барои маҳбусони озодшуда пешбинигардида бармало гардид, Далер Шарифов мустақим ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода муроҷиат кард.
Амонзода рӯзи 15-уми июн барои шунидани арзи Далер ӯро ба ҳузураш пазируфтааст. “Вазири меҳнат арзи маро шунид. Ба зердастонаш дастур дод, ки ин мушкилро баррасӣ ва кумакпулии барои ман пешбинишударо пардозанд”, - ёдовар шуд Далер аз мулоқоташ бо вазир.
Баъд аз он ки аз ҳузури вазир берун омад, аз раёсати шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат тамос гирифта, “гила кардаанд”, ки чаро ба вазорат шикоят бурдааст: “Дар ҳоле ки ба арзи ман расидагӣ накарданд, боз гила карданд, ки чаро ман ба вазорат шикоят бурдаам. Вале агар ҳаққи ман дар ниҳодҳои поёнӣ ва дар марҳилаҳои ибтидоӣ қонеъ карда мешуд, зарурате набуд, ки ба вазир шикоят барам.”
Ин ҳам анҷоми саргардониҳои вай барои дарёфти 800 сомонӣ кумакпулии пешбинишуда набуд. Баъди он ки аз вазорат баргашт, рӯзи 16-уми июн ба Раёсати Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат рафт. Дар Раёсат ба вай чеки дарёфти 800 сомонии кумакпулиро доданд ва мебоист, ин маблағро аз “Амонатбонк” мегирифт.
Далер нақл мекунад, ки вақте ба шуъбаи “Амонатбонк” дар шаҳри Ваҳдат рафт, муҳосиби бонк ба вай гуфт, дар “суратҳисоби Раёсати Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат маблағ нест ва ба ин далел наметавонанд 800 сомонии ӯро пардозанд”.
“Муовини раиси бонк ба сардори раёсати шуғли аҳолӣ тамос гирифт. Бо ҳам чи радду бадале карданд ва муовини раиси бонк ба чеки ман имзо гузошту кумакро пардохт карданд”, - гуфт Далер Шарифов.
Дар Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат тасдиқ карданд, ки сокини ин шаҳр Далер Шарифов барои дарёфти кумакпулии иҷтимоӣ ба онҳо муроҷиат кардааст. Муҳибулло Раҳимов, муовини сардори раёсати мазкур дар суҳбати телефонӣ рӯзи 6-уми июл гуфт, “дар ниҳоят аризаи Шарифов қонеъ гардонда шудааст”.
Далер Шарифов афзуд, ҳарчанд кумакпулии думоҳаро дастрас кард, ба гуфтааш, раёсати шуғли аҳолӣ аз вай “475 сомонӣ қарздор аст”. Далер мегӯяд, дар ин рафту омадҳо ва тамосҳои телефонӣ барои дарёфти 800 сомонӣ кумакпулии иҷтимоӣ ҳудуди 475 сомонӣ харҷ кардааст ва аз он 800 сомонӣ ҳамагӣ 325 сомонӣ кумаки соф дар ҷайбаш мондааст.
“Ман дар маҳбас шоҳид мешудам, ки бархе аз шаҳрвандон барои расонидани зарар дар ҳаҷми 100-200 сомонӣ зиндонӣ шудаанд. Агар ҳамин маблағро медоштанд, шояд зиндонӣ намешуданд. Вале вақте аз ҷониби давлат барояшон кумакпулӣ ҷудо шудааст - кам касоне ҳозир ҳастанд, ки барои дастрас кардани он талош варзанд. Аз сӯи дигар, мақомоти давлатӣ барои як лайку комменти ғайриқонунӣ шаҳрвандонро ҷазо медиҳанд, аммо барои пардохт нашудани ҳаққи як маҳбуси собиқ ё сарбозе, ки хидмати ватанро адо кардааст - касе даст ба кор намешавад”, - хулоса мекунад ӯ.
Далер Шарифов мегӯяд, ҳамакнун бар ин бовар расидааст, ки барои расидан ба ҳаққи худ - чи як сомониву чи ҳазор сомонӣ - бояд талош варзид. Ба гуфтааш, "танҳо дар ин сурат ҷомеа ва кишвар пешрафт мекунад".