Вазири энержии Тоҷикистон гуфт, имсол нархи истифода аз нирӯи барқро боло мебаранд, вале нагуфт, ки чӣ қадар. Далер Ҷумъа рӯзи 12-уми июл дар як нишасти матбуотӣ хабар дод, ки “ҳоло гурӯҳи корӣ бар сари мавзуъ баҳс дорад ва пас аз хулосаи ниҳоӣ нарх маълум мешавад.”
Пештар баъзе аз сокинон аз ҳаргуна тасмими мақомот барои боло бурдани нархи барқ танқид кардаанд. Мақомот ҳамвора мегӯянд, ки нархи истифода аз барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ хеле поин аст. Чанд созмони молии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ дар чанд шарти худ ба Тоҷикистон боло бурдани қимати барқро зикр кардаанд.
Вазири энержӣ гуфт, ҳангоми боло бурдани арзиши барқ дар баробари хароҷоти системаи барқии кишвар, “вазъи иҷтимоии аҳолӣ низ ба назар гирифта мешавад”.
“Тайи ду соли охир Тоҷикистон нархи барқро гарон накард ва ҳоло замоне расидааст, ки бо боло бурдани арзиши барқ масъалаи бозгардонии маблағҳои ҷалбшуда ба соҳа низ дида шавад”, -- афзуд ӯ.