Бар асари зилзила, ки субҳи имрӯз дар Тоҷикистон рух дод, 5 нафар сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 10- уми июл дар ин бора хабар дод.
Қобил Исмоилов, раиси шӯъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари зилзила субҳи имрӯз 5 нафар як, зани 70 сола ва 4 хонандаи мактаб фавтиданд. Вай афзуд то ин дам захмӣ шудани ду нафари дигар ҳам ошкор шудааст.
Ба гуфтаи ин мақоми ноҳияи Тоҷикобод дар деҳаҳои Кӯли Боло, Саричашма, Деҳи Мазори ҷамоати Лангари Шоҳ дар умум 300 манзили зист хароб шудааст. Айни замон масъулони ноҳия якҷо бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ зарари офати табииро ҳисоб карда истодаанд.
Саидаъзам як сокини ноҳияи Тоҷикобод мегӯяд, заминҷунбӣ хонаҳоро шадидан хароб карда, дар баъзе нуқтаҳо замин фуру рафтааст. “Хонаҳо, оғилҳо хароб шудаанд, чорвои мардум кушта шуда беҷо мондааст, аз баландиҳо хок лағжида заминҳои киштро вайрон кардааст”-, гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Ба иттилои бахши зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон заминларза соати 7:14 субҳи имрӯз дар 20 километрии маркази ноҳияи Рашти Тоҷикистон ба вуҷӯъ омадааст. Шиддати зилзила аз рӯи ҷадвали Рихтер 5,9 бал гуфта мешавад.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар суҳбат бо Радиои Озодӣ бо тақдиқи ҳалокати 5 нафар бар асари зилзила гуфт, ҳамчунон 2 нафар сокинони ноболиғи ноҳияи Рашт ҷароҳат бардошта дар шифохона бистарӣ шуданд. Бинобар маълумоти кумита, дар натиҷаи заминларза дар деҳаҳои Ҳазорчашма ва Ярхаби ҷаомати Ҳиҷборак 7 хона, дар деҳаҳои Шархо ва Сари Шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи Рашт 12 хона осеб дидаанд.
Ҳамчунон аз хисороти зилзила аз ноҳияи Тоҷикбод гузориш дода мешавад. Бештари хонаҳо дар ҷамоати Лангари Шоҳ вайрон шудаанд ва 5 нафар қурбониёни зилзила ҳам аз ҳамин ҷамоат будаанд.
Ба гуфтаи дафтари матбуот пас аз ин ҳодиса раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳимҷон Муқимӣ раиси ноҳияи Рашт ва Қадриддин Фақерзода раиси ноҳияи Тоҷикобод телефонӣ суҳбат кардааст.
Барои рафъи оқибатҳои зилзила комиссияи ҷумҳуриявӣ тасъсис дода шудааст, ки Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон онро роҳбарӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон ба Қоҳир Расулзода, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кӯмак ба оилаҳои зарардида, дастур додааст.
Сокинони дигар манотиқи Тоҷикистон ҳам субҳи имрӯз зилзиларо эҳсос карданд. Ба гуфтаи мақомот шиддати зилзила дар Душанбе 2-3 дараҷаи ҷадвали Рихтер буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинон аз Суғду Кӯлоб ҳам навиштанд, ки заминларзаро “сахт эҳсос карданд”. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2020 наздик ба 60 хонаи сокинони чаҳор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб дид.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Афтодани кӯҳпораро дар маҳалли сохтмони "Роғун" тасдиқ карданд, вале гуфтанд, "чандон ҷиддӣ нест". ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сабти зилзилаи дувум дар як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Заминларзаи 4,5 дараҷаӣ ноҳияи Шуғнони Бадахшонро такон дод ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, гузорише аз хисороти зилзилаи Рашт нарасидааст