Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, гузорише аз хисороти зилзилаи Рашт нарасидааст


Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, ки то ба ҳол гузорише дар бораи хисороти зилзилаи шаби гузашта, ба онҳо нарасидааст.

Заминларза соати 19:37 ба вақти маҳаллии Тоҷикистон рух дод ва тибқи иттилои Маркази зилзилашиносии Амрико, марказаш дар ҳудуди ноҳияи Рашт будааст. Ба иттилои манбаъ, нерӯи заминларза дар маркази он 4,9 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил дод ва шиддати ин зилзила дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар низ эҳсос шуд.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол дар бораи хисороти молӣ ва ҷонӣ ба ин кумита иттилое нарасидааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳамзамон афзуд, ки бо ин вуҷуд мақомоти ноҳия гардиши хона ба хонаи сокинонро барои муайян кардани хисороти эҳтимолӣ оғоз кардаанд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Аз ҷумла рӯзи 4-уми июл наздики 60 хонаи сокинони чор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб дид.

XS
SM
MD
LG