Як гурӯҳ аз намояндагони Толибон дар Маскав рӯзи 8-уми июл бо баъзе аз мақомдорони Русия мулоқот карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Толибон мехоҳанд, кафолат диҳанд, ки ин ҷунбиши исломӣ, сарфи назар аз тасарруфи манотиқи зиёде дар саросари Афғонистон, ба Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиде ба бор намеорад.
Рӯзҳои охир садҳо сарбоз ва паноҳҷӯёни мулкии афғон аз Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд. Ҳафтаи равон Тоҷикистон бо ишора ба эҳтимоли нооромиҳо дар марзаш бо Афғонистон эълон кард, ки то 20 ҳазор афсари эҳтиётиро барои таҳкими назорати марзи кишвар бо Афғонистон сафарбар мекунад.
Русия, ки дар як пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон то 7 ҳазор афсарро мустақар намудааст, мегӯяд, ҳозир аст, дар ҳоли ноором шудани вазъият дар марзи Афғонистон аз нерӯҳояш кор гирад. Дар айни замон фармондеҳи ситоди муштараки СПАД, Анатолий Сидоров, рӯзи панҷшанбе гуфт, Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон ба кумаки фаннӣ ё техникӣ ниёз дорад, аммо зарурате ба ҷалби нерӯҳои дастҷамъии созмон нест.
Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, дар мулоқот бо фиристодаи ин кишвар дар умури Афғонистон Замир Кобулов ҳайати Толибон кафолат дод, ки марз бо кишварҳои Осиёи Марказиро убур намекунад. Ҳамчунон Толибон ваъда додаанд, ки амнияти тамоми сафоратҳо ва консулгариҳои хориҷиро бар дӯш мегиранд.
Ба навиштаи хабаргузории русии РИА Новости, Шаҳобиддин Диловар, як узви дафтари сиёсии Толибон дар Қатар, пас аз мулоқот бо Кобулов гуфтааст, "мо ба Русия итминон додем, таҳти ҳеҷ шароите вориди хоки Тоҷикистон ё кишварҳои ҳавзаи Осиёи Миёна нахоҳем шуд.”
"Дар мулоқот ҳайати Иморати исломӣ (Толибон худро ҳамин тавр меноманд) мавқифи худро такрор кард, ки қаламрави Афғонистон зидди касе истифода нахоҳад", -омадааст дар баёнияи дафтари сиёсии Толибон.
Сухангӯйи Толибон Суҳайл Шоҳин иброз дошт, ки Толибон дар Маскав ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддирро низ баҳс намуданд. Ӯ афзудааст, минтақаҳои зери назорати Толибон барои таҳдид ба ҳамсояҳо истифода нахоҳад шуд.
Шоҳин илова кардааст, ки тамоми гузаргоҳҳои марзии зери назорати Толибон барои равуо бо ҳамсоякишварҳо боз мемонанд. Ин дар ҳолест, ки нигарониҳо дар мавриди бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон ва эҳтимоли нақзи густардаи ҳуқуқу озодиҳои сокинон афзудааст.