Шумори расмии қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон ба 97 кас расид

Аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки ду нафари дигар бар асари бемории коронавирус ҷон бохтаанд. Ба ин тартиб, шумори расмии қурбониёни бемории ҳамагир дар кишвар ба 97 кас расид, аммо манобеи ғайрирасмӣ омори ҷонбохтагонро бештар аз ин медонанд.

Мақомот гуфтанд, рӯзи 7-уми июл 35 мавриди гирифтории сокинонро ба COVID-19 сабт карданд. Дар умум, коронавирус ба 13 ҳазору 690 нафар сироят карда, ба иттилои расмӣ, 97 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Ин омори вазорат ҳам шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст.

Дар Тоҷикистон охири моҳи апрели соли гузашта ва дар пайи фишори дохиливу берунӣ вуҷуди коронавирусро эътироф карданд. Аз моҳи январи имсол то охири моҳи июн пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст ва кишвар орӣ аз бемории ҳамагир аст.

Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки дар кишвар сокинон ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо хабарҳо аз фавти сокинон аз бемории COVID-19 нашр мешавад. Дар як моҳи охир номи даҳҳо нафар, ки дар миёнашон чеҳраҳои шинохта низ ҳастанд, нашр шуд, ки пас аз гирифторӣ ба бемории ҳамагир фавтидаанд. Мақомот ин мавридҳоро тасдиқ ё рад намекунанд.