Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз сарвазири Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбанро ба рӯйхати солонаи "душманони матбуот" шомил кард.
Ӯ аввалин раҳбари кишвари узви Иттиҳоди Аврупо аст, ки дар як қатор бо раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Сурия ҷойгир мешавад.
Созмон дар изҳороте, ки 5-уми июл нашр кард, менависад, Орбан ва ҳизби ҳокими Фидес аз соли 2010 қадам ба қадам расонаҳоро зери тасарруф қарор додаанд.
Дар рӯйхати «душманони матбуот» пешвои рӯҳонии Эрон Алии Хоманаӣ, президенти Русия Владимир Путин, раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко, раҳбари чечен Рамазон Қодиров, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов шомил мебошанд.