Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, Орҳан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст. Дар ин бора Эрдуғон рӯзи 5-уми июл хабар дод.
Ба гуфтаи вай, амалиёти ба Туркия овардани Инандиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орҳан Инандӣ "мудири ФЕТО (созмони марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии турк, ки дар Амрико зиндагӣ дорад) дар Осиёи Марказӣ" ном бурд.
"Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", -- гуфт Эрдуғон.
Вай илова кард, ки то кунун бештар аз 100 кас аз кишварҳои дигар ба Туркия истирдод шудааст.
Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1-уми июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инандӣ гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯйи хонаашон мебошад.
Орҳан Инандӣ зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат" ва донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.