Домоди президент ва писари Гул Шералӣ сафири Тоҷикистон дар Туркия шуд

Ашраф Гулов.

Ашраф Гулов.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми июл бо судури як фармон Ашраф Гуловро сафири Тоҷикистон дар Туркия таъйин кард. Ӯ дар ин вазифа ҷойгузини Маҳмадалӣ Раҷабиён шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Раҷабиён бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Туркия барканор шудааст.

Ашраф Гулов писари собиқ вазири энержии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва яке аз домодҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ қаблан дар Бонки Миллӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Белгия ва Кумитаи андоз кор кардааст. Аз соли 2014 дар мақоми консули генералии Тоҷикистон дар Русия кор мекард. Ашраф Гулов ба духтари панҷуми раисиҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон – Парвина Раҳмонова - издивоҷ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки аз соли 1992 зимоми қудратаро дар даст дорад, ҳамакнун писари калонияш Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ва духтараш Озода Раҳмон раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мебошанд. Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмон, дар мақоми муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор мекунад. Домоди дигараш Шамсулло Соҳибов молики ширкати "Фароз" мебошад, ки тиҷоратҳои пурдаромадро дар кишвар дар даст дорад. Ҳамин тавр Ҳасани Асадуллзода, додарарӯси президент раиси "Ориёнбонк" - бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон мебошад.