Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия аз соли 2016 то соли 2020 196 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин рақам баробар ба аҳолии Рашту Нуробод аст, ки дар якҷоягӣ 200 ҳазор нафар сокин доранд.
Ба ин тартиб, ҳар сол ба ҳисоби миёна 40 ҳазор тоҷикистонӣ, шиносномаи Русияро гирифтааст. Дар 5 соли охир шумораи тоҷиконе, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд 3 баробар афзудааст. Агар соли 2016 23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд, соли 2020 ин рақам ба 63 ҳазору 389 нафар баробар шудааст. Яъне дар соли 2020 ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 174 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудааст.
Соли 2020 беш аз 43 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон, зиёда аз 23 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ва наздик ба 12 ҳазор қирғизистонӣ шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Ба ин тартиб, дар гирифтани шиносномаи русӣ зодагони Тоҷикистон пешсаф буда, пас аз шаҳрвандони Украина дар ҷойи дуввум қарор доранд. Аксари онҳое, ки талош мекунанд бо хонаводаҳояшон барои кору зиндагӣ ба Русия кӯч банданд, мегӯянд, шаҳрвандии Русия ба онҳо имкон медиҳад, ки на танҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дар он кишвар эмин бошанд, балки аз имтиёзҳову ёриҳои ҳукумат низ баҳравар гарданд.
Талоши тоҷикон барои соҳиб шудани шаҳрвандии Русияро коршиносон аз як ҷониб роҳе барои кам кардани шиддати демографӣ дар Тоҷикистон меноманд. Аммо аз сӯйи дигар, ба қавли онҳо, ин раванд барои кишвар паёмади нохуби "фирори мағзҳо"-ро дар пай дорад, зеро беҳтарин муттахассисон тарки ватан мекунанд. Дар зимн эълони сабукиҳо дар гирифтани шаҳрвандии Русия ба бовари коршиносон мавҷи кӯчбандиро бештар ва роҳи сокинони зиёдеро ба дарёфти шиносномаи русӣ соддатар кард. Соли 2019 Русия қоидаҳои дарёфти шаҳрвандиашро барои мутхассисон соддаву осон кард. Ба ин гуна афрод имкон дода шуд, ки шаҳрвандии Русияро на дар давоми се сол, балки дар як сол ба даст биёранд.
Дарёфти босуръати шаҳрвандии Русия дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон соли пеш эълон карданд, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар 8 соли ахир беш аз 80 дарсад кам шудааст. Аммо оморҳо вазъияти баръаксро нишон медиҳад. Ҳамасола беш аз 1 миллион нафар аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Пули муҳоҷирон, яке аз омилҳои муҳими ҳифзи суботи иҷтимоӣ ва пешрафти иқтисодии кишвар дониста мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикҳову украиниҳо дар талоши дарёфти шаҳрвандии Русия аввал шуданд ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шиноснома ва шаҳрвандии Русия. Фаъолони сиёсӣ чӣ қадар "арзиш" доранд? ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Омор: Ҳар рӯз 161 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардааст ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 5 чизи донистанӣ дар бораи суду зиёни тақдими шаҳрвандии Русия ба тоҷикон. ВИДЕО