Мулоқоти Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон чӣ натиҷа ва вокунишҳо овард?

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Дидори деринтизори сарони Тоҷикистону Қирғизистон бо имзои чаҳор санаде, ки масоили марзиро дар бар намегирифтанд ва изҳороти сулҳхоҳонаи дипломатӣ ба поён расид. Ба гуфтаи коршиносон, ҳанӯз набояд тасмимҳои муваффақиятомезе дар мавриди сарҳад байни кишварҳоро интизор дошт, зеро талошҳои ҷонибҳо пеш аз ҳама барои пешгирии бархӯрдҳои низомӣ дар марз равона карда шудааст.

Дақиқан ду моҳ пас аз даргириҳои хунини низомӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҷони даҳҳо шаҳрванди ду кишварро гирифт, сафари Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон дар ниҳоят сурат гирифт. Душанбе эҳтимолан ин боздидро кайҳо интизор буд, зеро пас аз даргириҳои мусаллаҳона дар марз Содир Ҷабборов нияти сафари Тоҷикистонро дар нимаи дуюми моҳи май изҳор карда буд. Аммо, пас аз сару садоҳо дар ҷомеъаи Қирғизистон нисбат ба ин ташаббусаш, ӯ эълон кард, ки то ҳалли масъалаи марз ба Душанбе нахоҳад рафт. Мулоқоти сарони ду давлатро сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ низ интизор буданд, ки дар онҷо пас аз хатми даргириҳои низомӣ муноқишаҳо дар заминаҳои ҳамсоядорӣ қатъ намешаванд. Бастани марзҳо байни кишварҳо бошад ба вазъи иқтисодии аҳолӣ таъсир мерасонад. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои имзошуда, ин интизориҳо комилан бароварда нашуданд.

Натиҷаҳои ночиз

Музокироти шашсоата бо имзои чор санад анҷом ёфт. Аз ҷумла, созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ, ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи хидмати давлатӣ, ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон ва ёддошти ҳамкорӣ байни оҷонсиҳои иттилоотии "КАБАР" ва "Ховар".

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов инчунин як изҳороти муштаракеро имзо карданд, ки аз 25 банд иборат буд ва тамоми бахшҳои равобити дуҷонибаро фаро мегирифт: аз ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар ташкилотҳои байналмилалӣ то мубориза бо қочоқ ва ташвиш аз вазъи Афғонистон. Матни изҳорот ба монанди кӯшиши ҷонибҳо барои таҳкими вазъи мавҷуд дар муносибатҳо ба назар мерасад.

“Аз оғили холӣ дида, гови шохзан беҳ”

Шореҳи сиёсӣ Марат Мамадшоев, бар ин назар аст, ки ҷонибҳо дар масоили марз созишҳои қобили қабул ба даст наовардаанд ва гурӯҳҳои корӣ бояд омодагии ҳамаҷониба медоштанд. "Бо ин вуҷуд, мулоқот аз он ҷиҳат хеле муҳим аст, ки то даме ҷонибҳо дар сатҳи олӣ гуфтугузор мекунанд, гумон аст, ки вазъ бадтар намешавад. Аз ин рӯ, аз ин нуқтаи назар, ба мулоқот бояд баҳои мусбат дода шавад”, - таъкид мекунад Мамадшоев.

Дар баробари ин, ба гуфтаи ӯ, пас аз муноқишаи охирин, ду кишвар барои ҳалли масъалаҳои марзӣ вақти хеле кам доранд ва вазъ метавонад бадтар шавад.

Ҳарду, ҳам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам Содир Ҷабборов ниятҳои худро барои пешгирӣ аз такрори даргириҳои мусаллаҳона дар марз баён карданд. Барои ин, ҷониби Қирғизистон пешниҳод кард, ки гурӯҳе иборат аз пиронсолони ҳар ду кишвар, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, Комиссияи посдори сулҳ таъсис дода шавад.

Коршиноси масоили Осиёи Марказии рус, Андрей Казансев мегӯяд, ҷонибҳо ба он хотир ба тавофуқ даст наёфтанд, ки ҳеҷ касе намехоҳад гузашт кунад. "Ҷониби Қирғизистон, бинобар муқовимати аҳолии маҳаллӣ ҳатто натавонист созишномаҳоеро, ки бо Узбекистон имзо кардааст, иҷро кунад. Ҳамин чиз метавонад дар ҳолате рӯх диҳад, ки бо Тоҷикистон созишнома ба имзо расад ва ба Ворух даҳлези нақлиётӣ дода шавад. Он чи марбут ба Тоҷикистон, ин кишвар ҳам гузашт карда наметавонад. Ворухро додану гирифтани ҳудуд дар ҷойи дигар, ин барои Тоҷикистон ғайри қобили қабул аст ва маънои онро дорад, ки мардуми маҳаллӣ зидди он хоҳанд бархост.", - мегӯяд Казансев.

Коршинос бар ин аст, ки қисман ҳал кардани ин масъала хеле душвор аст ва то ҳол сарони ду давлат танҳо метавонанд розӣ шаванд, ки дигар ҷанг накунанд.

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён, баръакс сафари раҳбари Қирғизистон ба Душанберо мусбат арзёбӣ мекунад ва дар ин алоқамандии ҳар ду тарафро барои ҳалли масъалаҳо дар заминаҳои дуҷониба мебинад. "То замоне, ки кишварҳо дар марҳилаи мувофиқа бар сари ҳамаи масъалаҳои марзӣ қарор доранд, ҳама гуна арзёбии дигари ин сафар ва натиҷаҳои он вобаста ба марз, ғайрикасбӣ, ҷонибдорона ва муғризона хоҳад буд. Созишномаи марзиро президентҳо пас аз ба итмом расидани фаъолияти асосии комиссияи муштараки байниҳукуматии таъину аломатгузории марзҳои давлатӣ, имзо мекунанд", - мегӯяд Ризоён.

Ба гуфтаи коршинос, дар сатҳи раҳбарии сиёсӣ ин масъаларо зуд ҳал кардан мумкин аст, аммо мушкил дар тағйир додани дарки ҷомеа аст. "Тоҷикистон будубоши шаҳрвандони Қирғизистон ва нақлиётро дар қаламрави худ маҳдуд накард ва ҳушдори аввал метавонад бекор кардани қарори Девони вазирони он кишвар аз 21-уми майи соли равон бошад.", - пешбинӣ мекунад ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Гуфтугузорҳо дар бораи марз

Пас аз музокирот, Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзноманигорон гуфт, ки онҳо масъалаи имзои Аҳднома дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро, ки қаблан дар маҷмӯъ мувофиқа шуда буд, барои даври оянда бо ҳамтои қирғизи худ баррасӣ карданд. Ӯ таъкид кард, ки тибқи лоиҳа 520 км тафсир шудааст ва 32 км дигар бо тартиби корӣ мувофиқа карда шуд.

Содир Ҷабборов ба самаранокии кори ҷаласаи 17-уми комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар ояндаи наздик дар Бишкек баргузор хоҳад шуд, изҳори умедворӣ кард.

Тайи як-ду моҳи охир ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду кишвар дар умури таъину аломатгузории марзи давлатӣ якчанд мулоқот баргузор карда, бархе протоколҳо қабул карданд. Қаблан раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев зимни мулоқот бо сокинони деҳаи Мақсади вилояти Бодканд гуфта буд, ки тибқи протоколи имзошуда ҷониби Қирғизистон 112 километр заминро барои ташхису аломатгузорӣ додааст ва кори он бояд аз 5 то 9-уми май тамом шавад. Пас аз он, ки ин соҳаҳо ба созишномаҳо дохил карда мешаванд, президентҳо ин санадҳоро имзо мекунанд, онҳо ба тасвиб мерасанд ва кори таъини марз шурӯъ мешавад.

Қатъи даргириҳо

Сиёсатшиноси қирғиз Медет Тулегенов мегӯяд, ки як боздид кам мушкилеро метавонад ҳал кунад, аммо ҳадди аққал вазифаи рамзиро дар сатҳи баланд иҷро мекунад, зеро бидуни назорат аз боло масъалаҳои марзӣ аз “маркази мурда” берун нахоҳанд рафт. "Ҳоло масъалаи асосӣ таъмини сулҳу субот дар марз аст, то амалҳои иғвоангез пеш аз оғози раванди таъину аломатгузорӣ сурат нагиранд. Баъдтар ҳалли масъалаҳои оянда имконпазир хоҳад буд.", - таъкид мекунад Тулегенов.

Дарозии сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 519 километри он таъину аломатгузорӣ карда шудааст. Зиёда аз 400 километр марз номуайян боқӣ мондааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Раҳмон ва Ҷабборов мулоқоти худро “дӯстона ва босамар” номидандАнҷоми мулоқоти Раҳмон ва Ҷабборов. Дар бораи аломатгузории марз санаде имзо нашуд. ВИДЕОПрезиденти Қирғизистон дар Душанбе: "Ҳодисаҳои ахир дар марз барои мо санҷиши хеле вазнин буд"Бе тантана, вале муҳим. Сафари президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон оғоз меёбад