Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз шаш соат ба поён расид. Мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов пушти дарҳои баста дар соати 9:15 ба вақти Душанбе шурӯъ шуда буд ва то соати 15:30 идома кард. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар фарҷоми ин мулоқот ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки дар ин дидор масъалаи аломатгузории марз, тиҷорату савдо ва дигар паҳлуҳои равобити ду кишварро баррасӣ карданд.
Аз сӯҳбатҳои ҳар ду президент маълум буд, ки масъалаи аломатгузории марз аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯи онҳо будааст. Вале Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов аз ягон тавофуқ дар ин замина хабар надоданд. Онҳо гуфтанд, ки талош мекунанд масъалаи аломатгузории марз аз роҳи гуфтугӯ идома ёбад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки муноқишаи моҳи апрел дар марзро, ки боиси кушта шудани чандин нафар аз ҳар ду тараф шуд, бо ҳамтои қирғизаш баррасӣ кардааст. Содир Ҷабборов ҳам дар навбати худ гуфт, ки бояд талош шавад то аз сар задани чунин муноқишаҳо ҷилавгирӣ шавад. Ӯ ҳамзамон афзуд, ки "мо кӯшиш мекунем амнияти сокинони минтақаҳои марзиро таъмин кунем".
Раҳбарони Тоҷикистон ҳамзамон аз кам шудани доду ситади иқтисодӣ миёни ду кишвар хабар доданд.
Дар ҷараёни ин сафар созишнома дар бахши фарҳангу ҷавонон ва низ як созишнома миёни хабаргузории давлатии "Ховар" ва хабаргузории "Кабар" ба имзо расид. Дар робита ба аломатгузории марз ягон созишнома имзо нашуд.
Пас аз мулоқоти президентҳо ҳайатҳои ду кишвар бо ҳам мулоқот карданд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 29-уми июн дар "Қасри Миллат" мулоқот карданд. Содир Ҷабборов дар оғози мулоқоташ бо Раҳмон дар назди хабарнигорон гуфт, ҳодисаҳои рӯзҳои 28-29-уми апрел дар марз ба вуқуъ пайваста барои мо санҷиши хеле вазнин буд.
"Мо бояд ба чунин ҳодисаҳо дигар роҳ надиҳем. Мардуми тоҷику қирғиз солҳо равобити бародарӣ ва ҳамсоягӣ доштанд ва мо талош мекунем ҳамин робитаҳои дӯстона боқӣ монанд",-афзуд Содир Ҷабборов.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Ҷабборовро ба Душанбе хушомадед гуфт, вале дар назди хабарнигорон дар бораи масъалаи марз чизе нагуфт. Баъдан ду президент пушти дарҳои баста барои суҳбати як ба як рафтанд, ки ҳанӯз ҳам давом дорад.
Хабаргузории давлатии “Ховар” дирӯз навишта буд, ки ин сафар ду рӯз давом мекунад ва дар Душанбе “мулоқоту музокироти сатҳӣ олӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор хоҳанд шуд.”
Нахустин сафари Ҷабборов ба ҳайси раиси ҷумҳур ба Тоҷикистон дар шароите сурат мегирад, ки муносибати Душанбе ва Бишкек сард шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол ҷузъиёти барномаи сафари Ҷабборовро расонаӣ накардаанд. Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар аз мақомоти тоҷик ва ҳам Сафорати Қирғизистон дар Душанбе то ин дам бенатиҷа буд.