Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик нисфирӯзии 1-уми июл дар синни 80-солагӣ даргузашт. Ӯро шоми имрӯз ба хок супурданд.
Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи театр ба Радиои Озодӣ гуфт, Убайдулло Раҷабов зуҳри 1-уми июл дар манзилаш, дар шаҳри Душанбе даргузаштааст.
Сабаби марги ҳунарпешаи шинохта ҳанӯз расман эълон нашудааст, вале пайвандон ва бархе ҳамкорони ӯ тасдиқ карданд, ки ҳунарманди шинохта ба COVID-19 гирифтор шуд ва 2-3 рӯзи ахир дар хона бистарӣ буд. Ҳунарманд соати 14 дар манзилаш даргузаштааст.
Ҳамкорони Убайдулло Раҷабов ва намояндагони мақомот барои видоъ бо ҳунарманди шинохта ба манзили ӯ омадаанд. Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Убайдулло Раҷабов дар оромгоҳи Лучоб дафн карда мешавад. Дар назар аст, ки маросими видоъ соати 16:30 баргузор шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва бунёдгузори театри "Оина" моҳи март ба синни 80 расида буд. Дар ростои ҷашни зодрӯзаш вай дар як мусоҳибаи ихтисосӣ гуфта буд, ҳоло сухану фикри тозаеро дар ҳаҷви тоҷик намебинад, аммо ба ояндаи беҳтари он умедвор аст.
Солҳои 80 ва 90-уми асри гузашта авҷи шӯҳрати Убайдулло Раҷабов буд. Саҳнаҳои ҳаҷвии ӯ бинандаҳои бешумор доштанд.
Ортиқ Қодиров, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки бо Убайдулло Раҷабов ҳамкорӣ дошт ва ӯро устоди худ медонад, марги ӯро бо дард қабул кардааст.
"Убайдулло Раҷабов дар театри тоҷик соҳибмактаб буда, марги ӯ талафоти бузург дар санъату ҳунари тоҷик аст. Бо Убайдулло Раҷабов дар саҳнаи театри Лоҳутӣ чандин нақшҳо бо ҳам офаридаем ва дар сафарҳо бо ҳам будем. Дар соли 1991 бо имзои шаҳрдори пешини Душанбе Мақсуд Икромов театри намунавии "Оина"-ро таъсис дод, ки як мактаби бузурги санъати театр аст ва даҳҳо шогирдони болаёқат дар ҳалқаи худ тарбият кард.",--гуфт ӯ.
4 моҳ пеш ба суоли Радиои Озодӣ, ки аз умри рафтааш розӣ ҳаст? Вай гуфта буд: "Бале, сад дарсад. Аз оғоз то имрӯз розӣ ҳастам. Бахусус, ҳамин шабу рӯз бисёр шодам, ки оромиву ободӣ аст."
Убайдулло Раҷабов дар бораи дар кишвар дар кадом поя қарор доштани танзи чунин гуфта буд:
"Ҳозир ягон касро номбар карда наметавонам, ки ин соҳаро соҳибӣ мекунад. Шояд ҳунармандони хубе пайдо шаванд, ё онҳое, ҳастанд, андешаҳояшонро дигар кунанд, барномаҳои хуб созанд. Аслан ҳаҷв ё танз чизи шахшуда нест. Бар сари он бояд ҳамеша кор кард, такмил дод, дигаргунӣ сохт, то мардум қабул кунанд. Гумон мекунам, ин охири кор нест, ҷавонҳои бисёре пайдо мешаванд ва ин соҳа рушд мекунад."
Ҳафтаҳои охир чандин нафар аз чеҳраҳои номдор бо нишонаҳои коронавирус ё илтиҳоби шуш даргузаштанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон даргузашти онҳоро ба COVID-19 пайванд намедиҳад.
Видеои охирин суҳбати Убайдулло Раҷабов аз бойгонӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳаҷвнигорони тоҷик мегӯянд, хандаҳо дар зери ниқоб монд. ВИДЕОУбайдулло Раҷабов: "Мушкили "биография" ва "география" ҳоло ҳам ҳаст." ВИДЕОУбайдулло Раҷабов: Ҳоло барои "лайк" кор мекунанд"Ойина"-и Убайдулло Раҷабовро мебанданд?Убайдулло Раҷабов: Ҳаҷвнигор не, масхарабоз зиёд шудаастУбайдулло Раҷабов: Бори охир дар "ҷанозаам" хандида будам