Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдулло Раҷабов: "Мушкили "биография" ва "география" ҳоло ҳам ҳаст." ВИДЕО


Убайдулло Раҷабов
Убайдулло Раҷабов

Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди шинохта ва бунёдгузори театри "Оина", мегӯяд, ҳоло сухану фикри тозаеро дар ҳаҷви тоҷик намебинад, аммо ба ояндаи беҳтари он умедвор аст.

Вай иддаоро дар барои эҷоди маҳдудият дар кори ҳаҷвнигорон рад кард ва гуфт, "кӣ пеши роҳи онҳоро мегирад? Мавзуъ бисёр аст, аз хондан гирифта, то бозору иқтисод ва сиёсат. Ҷустуҷӯ кардан зарур." Суҳбати мо бо Убайдулло Раҷабов рӯзи 18-уми март ва дар остонаи ҷашни 80-солагияш баргузор шуд.

Радиои Озодӣ: Аз умре, ки то инҷо сипарӣ кардед, розӣ ҳастед?

Ҳаҷвнигорони мо каме бепарво шудаанд. Кори осон мекобанд. Аз ҳаҷвнигорони рус рӯйбардорӣ мекунанд. Чизҳои бисёр сабукро гирифта, саҳна месозанд. Намедонам, ҳадафашон чист, “лайк” гирифтан аст, ё чизи дигар.
Убайдулло Раҷабов

Убайдулло Раҷабов: "Бале, сад дарсад. Аз оғоз то имрӯз розӣ ҳастам. Бахусус, ҳамин шабу рӯз бисёр шодам, ки оромиву ободӣ аст."

Радиои Озодӣ: Боре шудааст, ки зиндагӣ ҳаҷви беҳтаре аз ҳаҷви бофташуда бароятон пеш оварда бошад?

Убайдулло Раҷабов: "Бале, зиндагӣ худ иборат аз ҳаҷву «критика» аст. Ҳар он коре, ки мекунем, аз зиндагӣ мегирем ва каме обуранги бадеӣ медиҳем, муносибатамонро маълум мекунем, ки бо ин саҳна чӣ гуфтан мехоҳем. Агар ҳамин чизро ҳунарманд надонад, вой бар ҳолӣ ӯ."

Радиои Озодӣ: Аз театру саҳна дур шудаед, чаро?

Убайдулло Раҷабов: "Дур нашудаам, ман дар театр ҳастам. Аз ҳамаи корҳояшон огоҳ ҳастам. Агар маслиҳат лозим бошад, маслиҳат медиҳам, тамринҳоро тамошо мекунем."

Радиои Озодӣ: Пас, мегуфтед, ки имрӯз ҳаҷву танз дар кишвар дар кадом поя аст?

Убайдулло Раҷабов: "Ҳозир ягон касро номбар карда наметавонам, ки ин соҳаро соҳибӣ мекунад. Шояд ҳунармандони хубе пайдо шаванд, ё онҳое, ҳастанд, андешаҳояшонро дигар кунанд, барномаҳои хуб созанд. Аслан ҳаҷв ё танз чизи шахшуда нест. Бар сари он бояд ҳамеша кор кард, такмил дод, дигаргунӣ сохт, то мардум қабул кунанд. Гумон мекунам, ин охири кор нест, ҷавонҳои бисёре пайдо мешаванд ва ин соҳа рушд мекунад."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Убайдулло Раҷабов: Ҳоло барои "лайк" кор мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:06 0:00

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ҳоло касеро намебинед, ки ин соҳаро соҳибӣ кунад, сабаб дар чист?

Убайдулло Раҷабов: "Сабаб дар бепарвоист. Ин мардумро тарбия бояд кард. Ҳаҷв бисёр чизи мушкил аст ва масъулияти зиёд металабад. Барои як гапи хато, як зермаънои нодуруст, хеле мушкилот пайдо мешавад. Ҳаҷвнигор барои ҳар як сухани мегуфтааш бояд ҷавоб диҳад. Ҳамин тавр хандондан, вақти мардумро гирифтан намешавад. Бо ин кор пеш намеравад, бояд сухани нав, фикри тоза пайдо кард."

Радиои Озодӣ: Яъне, феълан сухану фикри тозаеро намебинед?

Убайдулло Раҷабов: "Аълон не."

Радиои Озодӣ: Сабабро дар бепарвоӣ гуфтед, бепарвоӣ аз тарафи кӣ?

Убайдулло Раҷабов: "Ҳунарманд дар дасти онҳое, ки кор мефармоянд, бозёфт бояд бошад. Хуб истифода бурда тавонистан даркор аст. Инҳоро ғизо додан даркор, ғизои маънавӣ. Баъдан худи ҳунарманд ҳам бояд бетараф набошад, ки кай оварда ба ман як чиз медиҳанду ман онро мехонам. Ҳар як ҳунарманд бояд диду завқи худро дошта бошад. Касе, ки худашро ҳунарманд мегӯяд, бояд пешбарандаи ҳамин соҳа бошад. Ҳаҷвнигорони мо каме бепарво шудаанд, яъне кори осон мекобанд, аз ҳаҷвнигорони рус рӯйбардорӣ мекунанд, чизҳои бисёр сабукро гирифта, саҳна месозанд. Намедонам, ҳадафашон чист, ҳадафашон “лайк” гирифтан аст ё дигар чиз, бояд ҳаҷв маънои пурра дошта бошад, ки мардум аз он роҳат кунад, лаззат барад."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ҳунармандон барои танзу ҳаҷвнигорӣ маҳдудиятҳое доранд, дар ин бора чӣ назар доред?

Убайдулло Раҷабов: "Ман маҳдудиятро намебинам. Маҳдудият вақте мешавад, ки ҳунар нест, танбалӣ аст. Дигар кӣ пеши роҳи онҳоро мегирад? Мавзуъ бисёр аст: хониш, бозор, иқтисод, сиёсат. Хеле зиёданд, ҷустуҷӯ кардан лозим. Он чизеро, ки ҳаҷвнигор мебинад, дигарон дида наметавонанд."

Радиои Озодӣ: Агар маҳдудият нест, пас, чаро дар Тоҷикистон танзи сиёсӣ вуҷуд надорад? Масалан, солҳои охир надидем, ки дар бораи мансабдорон, тавре дар кишварҳои дигар, масалан Русия ҳаст, шӯхӣ кунанд?

Убайдулло Раҷабов: "Барои танзи сиёсӣ, пеш аз ҳама, сиёсатро бояд донед. Савод, донишу фаҳмиш даркор аст. Вақте намедонанд, метарсанд. Дар сиёсат ҳам хеле чизҳое ҳаст, ки бояд гӯем. Ба манфиати мардум ва давлату давлатдорист. Агар мо ватандӯст бошем, ватанхоҳ бошем, чаро намегӯем? Метарсанд, аз он ки савод надоранд. Аз ин соҳа дуранд. Соҳаро наомӯхтаанд. Худи ҳунар дар баробари ин ки адабиёту сухан аст, сиёсат аст."

Радиои Озодӣ: Беҳтарин ҳаҷву танзатон аз нигоҳи Шумо кадом аст?

Убайдулло Раҷабов: "Он чизе, ки ман меофарам, ҳамаашон нағзанд, фарзандони мананд, инро аз дигарон пурсед."

Радиои Озодӣ: Дар як танзи машҳуратон мегӯед, биография дуруст омаду география не. Ин дар замони Шӯравӣ буд ва он вақт география ба Ленинобод дахл дошт. Ҳоло чӣ?

Убайдулло Раҷабов: "Гап дар бораи ҳамшаҳрчигӣ мерафт, ҳозир ҳам ҳаст, чаро пинҳон кунем? Ҳозир нест гуфта намешавад, ин буд мемонад ва дар ҳама ҷо."

Радиои Озодӣ: Муддате мансабдори давлатӣ будед, чӣ хел гузашт, талх ё ширин?

Убайдлло Раҷабов: "Давраи гузариш буд, мо кор мекардем, давраи бисёр вазнин буд. Телевизион имконияти кам дошт, вале мо барномаҳои хуб месохтем."

Радиои Озодӣ: Чаро театри "Оина" фурӯ пошид?

Убайдулло Раҷабов: "Пош нахӯрдааст. Онҳое, ки худро санъатшиносу сиёсатмадор мегирифтанд, мехостанд, ҳаминро барҳам диҳанд, вале ин кор нашуд. Шояд касе ба инҳо фаҳмонд, ки чунин кор сурат нагирифт. Театр сохтан кори осон нест, ин ба мисли як академия аст, инро бояд дӯст дошт. Мафҳуми театрро бояд фаҳмид, ки чӣ аст. Нафаҳмидаву надониста аз пеши худ амр кардан кори осон аст. Агар "Оина"-ро нест мекарданд, тамоми олам ба ҳоли мо механдид."

Радиои Озодӣ: Яке аз шахсони масъули баргузории ҷашну чорабиниҳои серҷамъият будед. Гоҳе танқидҳо аз маъракаҳои серхарҷ садо медиҳанд, чӣ зарурат аст ба маъаркаҳои серхарҷ?

Убайдулло Раҷабов: "Албатта, барои гузарондани маъракаҳои бузурги фарҳангиву сиёсӣ маблағ даркор аст. Тасаввур мекунед, ки дар як “блок”, яъне дар як қисм аз ду то се ҳазор одам банд мешавад. Ба онҳо либос, пояфзол, хӯрок ва ғайраву ҳоказо додан даркор. Инҷо маблағи хеле зиёде меравад. Мо бо коршиносоне, ки ҳамроҳ кор мекардем, мегуфтем, ҳамин чиз зарур аст. Мо як мақсад доштем, солҳое, ки дар кишвар задухӯрдҳо зиёд буд, мехостем, бо ҳамин барномаҳои фарҳангӣ фикри мардумро ба банд кунем. Яъне, ба мардум гӯем, ки ҳама ҷо ором аст. Онҳое, ки дар ин намоишҳо маблағ меддоданд, мегуфтанд, ҳозир вақти ин чизҳо нест, мардум гурусна ҳаст, шиками мардумро сер кардан лозим. Вале шиками мардум сер мешавад, вале гиряи мардумро манъ кардан даркор буд, ки ҳар чӣ зудтар ғаму андӯҳро аз худ дур кунанд."

XS
SM
MD
LG