Раҳмон ва Ҷабборов мулоқоти худро “дӯстона ва босамар” номиданд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон

Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар изҳороти муштараке гуфтаанд, ки барои роҳ надодан ба низоъ дар марзи ду кишвар ҷонибҳо бояд ӯҳдадориҳои байналмилалиро риоя кунанд.

Суҳбати як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов пушти дарҳои баста беш аз шаш соат давом кард. Бисёриҳо тӯл кашидани суҳбати ду раҳбарро ба масъалаи ҳалли мушкилот дар аломатгузории марзи миёни ду кишвар рабт доданд ва гуфтанд, ки эҳтимол дар ин бора санаде имзо шавад.

"32 километри хатти марз мувофиқа шудааст.”

Ҳарчанд, дар ин бора санаде имзо нашуд, вале Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфтааст, “масъалаи мушаххас кардани хатти марзи давлатӣ дар маркази гуфтугӯи ду ҷониб буд.”

Ҷонибҳо мулоқотро “дӯстона ва босамар” номидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар ҳузури хабарнигорон гуфтааст, ҷонибҳо барои имзои санадҳо дар бораи марз дар ояндаи наздик тавофуқ кардаанд.Ба гуфтаи ӯ, “то имрӯз 32 километри дигар бо тартиби корӣ мувофиқа карда шудааст.”

Гуфтугӯи ду кишвар барои мушаххас кардани хатти марзи давлатӣ аз соли 2002 оғоз шудаааст ва ба қавли Раҳмон, наздики 20 сол комиссияи салоҳиятдор аз ду тараф 180 маротиба вохӯрдаанд. Ҳоло ба қавли ӯ, "Аҳднома дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон", ки қаблан омода шудааст, дар давраи оянда бояд имзо шавад.

“Дар паси ин ҳама кори зиёди мутахассисон, хароҷот ва вақти зиёд меистанд. Мо вазифаи рӯзро дар таҳияи қонунии ин натиҷаҳо мебинем, то минбаъд дар ҳалли масъалаи мураккаби муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ пеш равем.”,--гуфтааст президенти Тоҷикистон.

Ду созиш ва ду ёддошт

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, ки бо ҳамтои қирғизаш муноқишаи хунини охири моҳи апрел дар марзро баҳс кардаанд. Ӯ аз кушта ва осеб дидани шаҳрвандон аз ду ҷониб изҳори таассуф кардааст ва гуфтааст, “аз ин рӯ, мо бояд, пеш аз ҳама, дар бораи барқарор кардани эътимод байни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ фикр кунем.”

Дар изҳороти муштарак гуфта мешавад, ки аломатгузорӣ дар марз дар “чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ” ва бо “дарназардошти манфиатҳои ду кишвар...ва роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ ҳал карда шавад”. Дар ин изҳорот ҷонибҳо “зарур шумурдаанд”, ки кори комиссияҳои байниҳукуматиро дар мавриди мушаххас кардани марз “ҷоннок” кунанд.

Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон ду созишнома ва ду ёддошт имзо кардаанд, вале дар миёни онҳо дар бораи аломатгузории марз санаде нест. Созишнома дар бораи “ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ”, “созишномаи ҳамкори миёни хабаргузории давлатии “Ховар”-и Тоҷикистон бо “Кабар”-и Қирғизистон, “ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ” ва “ёддошти тафоҳум дар соҳаи сиёсати ҷавонон”, ҳосили мулоқоти ду раҳбар гуфта мешаванд.

Аз вазъ дар Афғонистон то CASA-1000

Вазъияти Афғонистон, тарҳи сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи Осиёи Марказӣ — Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000, истифодаи захираҳои об, ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун аз ҷумлаи суҳбати ду раҳбар будаанд, ки дар изҳороти муштарак зикр шудаанд.

Сомонаи президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки Ҷабборов аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ба Қирғизистон сафар кунад.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон шоми 28-уми июн ба Тоҷикистон омад ва рӯзи 29-уми июн пас аз мулоқоти тӯлонӣ ба Бишкек баргашт.

Ин мулоқот дар шароите баргузор шуд, ки наздики ду моҳ пеш, 28-29-уми апрел дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи хунин рӯх дод. Дар натиҷаи ин муноқиша аз ду ҷониб беш аз 50 нафар фавтида, беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Даҳҳо манзили зист ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулот хароб шуданд. Ҳарду кишвар ҳамдигарро ба сар задани низоъ дар марз гунаҳкор донистанд. Ҳоло анҷоми сафари Ҷабборовро, коршиносон як қадам барои нармтар шудани муносибати ду кишвар медонанд, ки пас аз низоъ дар марз ба сардӣ гароида буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Анҷоми мулоқоти Раҳмон ва Ҷабборов. Дар бораи аломатгузории марз санаде имзо нашуд. ВИДЕОПрезиденти Қирғизистон дар Душанбе: "Ҳодисаҳои ахир дар марз барои мо санҷиши хеле вазнин буд"Бе тантана, вале муҳим. Сафари президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон оғоз меёбад