Академияи Вазорати умури дохилии Қирғизистон пешниҳод дорад, ки дар сатҳи қонунгузорӣ ба кормандони пулис имкон дода шавад, то занону духтаронро аз мардони озордеҳ ҳимоят кунанд.
Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ин гуна мардон то 7 шабонарӯз ҳабс ё 10 ҳазор сом (беш аз 120 доллар) ҷарима карда шаванд.
Муовини сардори Академияи ВУД Қирғизистон Бакит Дубанаев, ки лоиҳаи қонунеро дар ин замина ба вакилони порлумони он кишвар муаррифӣ мекард, гуфт, қурбониёни арӯсрабоӣ намедонанд, ки худро аз ин гуна мардон чи гуна ҳимоят кунанд.
Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон механизмҳои қонуние нест, ки аз ҳолатҳои арӯсрабоӣ ва озори занон пешгирӣ намоянд.
Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, академия пешниҳод дорад, ки ба қонун "Дар бораи ҳимоят аз хушунати хонаводагӣ" тағйирот ворид ва номи он ба қонун "Дар бораи муҳофизат, ҳимоят аз хушунати хонаводагию хушунат нисбат ба занон" иваз карда шавад.
Дар лоиҳаи қонун ҳама гуна рафтори мардон, ки ҳуқуқу озодии занонро нақз карда, ба онҳо озори ҷисмониву равонӣ мерасонад, манъ шудааст. Барои ин гуна рафтор ҷазо дар шакли то 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ё 10 ҳазор сом ҷарима пешниҳод гардидааст.