Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, корманди милисае, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт, ба марҳилаи назоратии Додгоҳи вилояти Хатлон шикоят бурдаанд. Онҳо талаб кардаанд, ки хукми додгоҳи ноҳияи Панҷ ва таъиноти зинаи кассатсионии додгоҳи Хатлон бекор карда шавад.
Додгоҳи вилояти Хатлон 9-уми июн шикояти наздикони афсари кушташудаи милисаро дар ноҳияи Панҷ рад карда, ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт. Додгоҳи Панҷ Насим Амирзода, муттаҳами аслӣ дар парвандаро барои "куштор аз беэҳтиёт" гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 сол ҳабси сукунатӣ ва пардохти 100 ҳазор сомонӣ ба пайвандони афсари кушташуда маҳкум кард.
Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев ҳукми додгоҳи зинаи аввалро "ноодилона" хонда, бозбинии онро талаб доранд.
Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ, рӯзи 24 уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва он бояд аз сар баррасӣ шавад. “Мо пештар гуфта будем, ки аз қарори додгоҳ розӣ нестем ва ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят мебарем. Новобаста ба он ки баҳси судӣ идома дорад ва ҳукми Суди ноҳияи Панҷ эътибори қонунӣ пайдо накардааст, Амирзода Насимро ба хонааш ҷавоб додаанд.”--, мегуяд Ҷумъаев.
Додгоҳи вилояти Хатлон шикояти онҳоро аввалин ин моҳ рад карда буд. Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол ва ҳангоми супурдани силоҳ дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ бо зарби тир ҷон бохт.
Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 11-уми май содир шуд. Ин афсар бар асоси моддаи “куштор аз беэҳтиётӣ” айбдор шудааст, вале пайвандони Меҳроншоҳ инро қабул надоранд ва ҷазо нисбат ба ӯро “хеле сабук” медонанд.