Наздик омадани Толибони ба марзи Тоҷикистон мояи нигаронии мақомоти баландпояи Душанбе шуд. Рӯзе 22-уми июн гурӯҳе аз сарбозони афғон аз тарси Толибон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ду таҳлилгар дар Душанбе пурсид, хатари вуруди Толибон ба қаламрави Тоҷикистон то чӣ ҳад бузург аст?
Посухи коршиносонро дар навори зерин тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳанӯз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба поён нарасида, Толибон ба ҳамлаву хунрезӣ сар карданд ва кишвар дигарбора ба гирдоби ҷангу муноқиша рафт. Садои тирандозӣ дар вилояти Кундузи Афғонистон ва начандон дур аз марзи Тоҷикистон, ба гӯши сокинони маҳаллӣ ҳам мерасад.
Абдулраҳим Зуҳайл, сокини Қундуз мегӯяд, “вазъ дар Қундуз бисёр бад аст. Ноамн аст. Шифохона пур аз беморону захмиён аст”. Пешрафти Толибон дар замонест, ки хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон идома дорад ва моҳи сентябр поён меёбад. Толибон то кунун 60 ноҳияро гирифтаанд. Ҳамин масъала рӯзи сешанбе дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал баррасӣ шуд. Дебора Лайонс, намояндаи хоси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Толибон аксари ноҳияҳои ишғолшуда, марказҳои вилоятҳоро муҳосира мекунанд. “Эҳтимол Толибон баъди тарки тамоми нерӯҳои хориҷӣ саъй мекунанд, марказҳои вилоятҳоро бигиранд”-, афзуд ӯ.
Акнун навбати нерӯҳои афғон расид?
Дар як мусоҳиба бо Садои Амрико Амрулло Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, бо рафтани нерӯҳои Амрико боварии Толибон ба худашон зиёд шудааст. “Онҳо ақида доранд, ки хориҷиёнро шикаст додаанд ва акнун навбати нерӯҳои афғон расидааст.”-, иброз дошт Солеҳ. Як монеа барои Амрико паси мизи музокирот овардани Толибон аст. Ҳамин масъаларо раиси ҷумҳур Ҷо Байден рӯзи ҷумъа бо ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ ва раиси Шӯрои олии сулҳ Абдулло Абдулло баррасӣ мекунад.
Ҷейн Псаки сухангӯи Кохи Сафед гуфт, дар дидори Байден ва сарони Афғонистон “Шеваҳои ҳамкориҳо баррасӣ мешаванд, то дигарбора Афғонистон ба паноҳгоҳи гуруҳҳои террористӣ, ки ба сарзамини Амрико таҳдид мекунанд, мубаддал нашаванд. Роҳҳои ҳамкорӣ барои расонидани ёриҳои башарӣ ва дигар кумакҳои Амрико баррасӣ мешавад.”
Гузориши видеоиро инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Роналд Нюман, сафири собиқи Амрико дар Кобул мегӯяд, мулоқоти рӯзи ҷумъа рамзӣ, вале муҳим аст. Зеро мулоқот як рамзи азми Амрико барои ҳамкорӣ, идомаи кумак ба Афғонистон аст, ҳарчанд нерӯҳои Амрико аз онҷо мераванд. Ҳамчунин якҷо омадани доктор Абдулло ва раиси ҷумҳур Ғанӣ муҳим аст. Ба ақидаи ман, ин як аломати муҳиму рушани ваҳдатест, ки Кобул ба он сахт эҳтиёҷ дорад. “-, гуфт дипломати амрикоӣ.
Амрико, ки баъди ҷанги 20-сола нерӯҳояшро аз Афғонистон мебарад, ба ин кишвар 226 миллион доллари дигар кумаки башарӣ медиҳад. Ба гуфтаи Созмони Милал, 18 миллион нафар дар ин кишвар муҳтоҷ ва 5 миллион каси дигар беҷо шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 134 сарбози Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд. АКС ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Толибон минтақаи Имомсоҳиб, наздик ба марзи Тоҷикистонро ишғол кардаанд ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ вазири дифои Афғонистон шуд ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Файзов гуфт, ба қабули паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон бояд омода шуд