Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи "КоронаВак" ва тақрибан ҳамин миқдор сӯзандорӣ кӯмак кардааст. Ин ваксинаҳо истеҳсоли ширкати "Sinovac Research & Development Co. Ltd" буда, шоми 20-уми июн ба Душанбе расиданд. Дар маросими қабули ваксинаҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, мақомоти тоҷик ва низ сафири Чин дар Тоҷикистон ҳузур доштаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ваксинаҳои чинӣ дар анборҳои вижаи ин вазоратхона нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақша ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ гузоронида мешавад.
Пешниҳоди интиқоли ваксинаи чинӣ дар авоили моҳи марти ҷорӣ дар ҷараёни суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чиниаш Си Ҷин Пин садо дода буд. Дар он суҳбат, раиси ҷумҳури Чин гуфт, кишвараш омода аст, ки ба Тоҷикистон ваксина зидди COVID-19 диҳад.
Тоҷикистон қаблан дар доираи барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ COVAX 192 ҳазор ваксинаи "Астразенека" ройгон дарёфт карда буд. Масъулони Вазорати тандурустӣ қаблан гуфта буданд, ки дар навбати аввал пизишкон ва сокинони синнашон аз 60 боло эм карда хоҳанд шуд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки то кунун беш 80 ҳазор нафар дар Тоҷикисто эм шудаанд. Дар ҳоле, ки вазъи сироят ба беморӣ дар кишвар рӯшану ошкор гуфта намешавад, гумон аст, ки аҳолӣ ба ин ваксинҳо эътино ва бовар кунад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи январи имсол пайваста мегӯяд, ҳеҷ ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро сабт накардааст. Моҳи гузашта дар Хуҷанд 15 нафарро ҳамчун гумонбар ба коронавируси нав карантин карданд, вале баъдан мақомот гуфтанд, ки онҳо бемор нестанд.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз оғози беморӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13308 нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтааст ва танҳо 90 нафар фавтидааст. Коршиносони мустақил ба омори Вазорати тандурустӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб бештар аст.