Баҳси замин охиран боиси моҷарои хунин миёни хешовандон шуд ва як узви хонавода аз ҷораҳти панҷшох дар шифохона бистарист. Шаш узви ин оила дар ноҳияи Мастчоҳ се сол аст, ки бо дахолати мақомоти маҳаллӣ наметавонанд дар тақсими замини кишоварзӣ ба муросо расанд. Баҳси хонаву замин солҳои охир дар Тоҷикистон хеле доғ аст, ки зуд-зуд боиси баҳсу кашмакашҳо мешавад.
Фараҳманд Ҷумъаиён, беш аз як ҳафта боз бо захми панҷшоха дар табобатгоҳи ноҳияи Мастчоҳ бистарӣ аст. Бинобар ташхиси табибон қафаси сина ва шушаш зарар дида, ду бор ҷарроҳӣ шудааст. Фараҳманд рӯзи 18-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писартағояш Ғолиб Сангинзода дар ҳамон замини баҳсӣ бо панҷшох ба ӯ ҳамла карда захмӣ кард.
“Симе канда шуда буд ва ман онро ҷамъ мекардам. Ҳамон лаҳза вай пайдо шуду гуфт, ки шумо моро ба Радиои Озодӣ хабар кашидед. Ман ба гапҳои ӯ аҳамият надодам ва симро печонида ба корам идома додам. Вай аз пушт ҳамла карда бо панҷшох маро маҷруҳ кард”-, гуфт Ҷумъаиён.
Пас аз он ки, бародарзода ба камари Фарҳаманд панҷшох зад, ӯ замин афтод. Танҳо як занги телефон ба падараш Устоазиз Ҷумъаев ҷони ӯро аз марг наҷот дод. Ҷумъаев мегӯяд, дар хона нишаста будам, ки “бачам занг зад ва гуфт, ки биёед маро беморхона баред, бо панҷшох маро заданд. Ман мошинро ҳай карда омадам, ки дар замин ғалтидагӣ аст. Бардоштаму беморхона овардам. Инҷо оварда хоб кунондему баъд фаҳмидем, ки бачаи тағояш ӯро задааст. Баъд одамошон омаданду гуфтанд, ки мо кӯмак мекунем шумо даъво накунед. Ман гуфтам, ки аввал баччамро сиҳат кунеду бароред баъд он тарафашро гап мезанем. Каму беш кӯмак карда истодаанд."
Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фараҳманд фарзанди Салтанат Сангинова, яке аз саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Сангин Сафар” аст, ки се сол боз бо чанд бародараш сари тақсими замин баҳс доранд. Устоазиз Ҷумъаев, падари ҷабрдида иддао дорад замине, ки он ҷо писарашро захмӣ карданд, аз онҳост. Ӯ гуфт: “тағои калониаш онро зӯран гирифтааст. Моро ҳам фишор меорад, ки аз онҷо хезем вагарна таҳдид ба куштан мекунад”.
Худи Ғолиб Сангинзода омода нашуд дар бораи ҳодиса бо мо суҳбат кунад, вале падараш Муҳаммадрозиқ Сангинов ва раҳбари хоҷагии деҳқонии Меҳр мегӯяд, ҳодиса ба баҳси замине, ки ҳоло моли ӯст, рабт надорад.
Муҳаммадрозиқ Сангинов, падари Ғолиб Сангинзода мегӯяд, моҷарои хунин миёни бародарзодаҳо аслан на бар сари моликият ба замин, балки дар пайи як баҳси лафзӣ сар задааст. Ба нақли Сангинов баҳси ҷавонон аз сими барқ оғоз шудааст: “Ту симатро аз замин гир, ки гови ман печиданаш мумкин ё ба худам зарар расиданаш мумкин аст. Ту симатро аз замин бардор мегӯяд. Вай дашном медиҳад, ҳамин гуна байни онҳо занозанӣ сар мезанад”.
Милисаи ноҳияи Мастчоҳ низ аз рӯй додани ин ҳодиса огоҳ аст, вале ҳанӯз касеро дар ин робита боздошт накардаанд. Наздикони Фараҳманд талаб доранд, ки бояд нафари ба ҷони писараш қасдкарда бар пояи қонун ҷазо гирад. Хоҷагии деҳқонии “Сангин Сафар” дар ҷамоати шаҳраки Бӯстони ин ноҳия моҳи августи соли 2018 ба хоҷагии деҳқонии “Меҳр” табдили ном кард. Норозигии чанд узви ин оила замоне сар зад, ки мақомот ҳангоми бозтақсими замин чаҳор нафари онҳоро бесаҳм гузошт. Радиои Озодӣ аввали моҳи июн дар ин бора гузориш дода буд.
Баҳс сари 5 гектару 10 сотих замин меравад, ки ҳоло дар ихтиёри Муҳаммадрозиқ Сангинов ва ҳамсараш Ҳанифа Сангинова аст. Дар асл масоҳати заминҳои хоҷагии деҳқонии “Сангин Сафар” пештар 22 гектар будааст, вале бо рафтани саҳмдорони дигар ба аъзои хонавода ҳамин миқдор боқӣ мондааст. Саҳмдорони дигар Одинамоҳ Сангинова, Муҳаммадсодиқ Сангинов, Cалтанат Сангинова ва Абдуқаюм Сафаров ҳастанд. Бародару хоҳарони як оила аз мақомот талаб доранд, ки саҳми заминҳоро дигарбора тақсим кунанд ва ба ин кашокаш поён диҳанд.
Ноҳияи Мастчоҳи ҳаммарз бо Узбекистон, яке аз минтақаҳои кишоварзӣ дар шимоли кишвар аст, ки бошандагонаш асосан бо зироаткорӣ рӯзӣ меёбанд. Баҳси тақсими ноодилонаи замини кишоварзӣ аз ҷониби мансабдорон дар минтақаҳои Тоҷикистон масъалаи доғ аст. Бахусус, имсол бо баста мондани марзҳо ва бештар рӯ овардани сокинон ба деҳқонӣ ин мавзуъ дубора доғ шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Замини нобиноёнро ба соҳибкоре додаанд. Қарори раис бекор шуд, аммо ҷанҷол поён наёфт. ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мардуми Ҳуснобод метарсанд, ки хонаҳояшонро боз вайрон мекунанд. ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ин гуноҳи мардум нест". Баҳси фурӯши замин дар Кумитаи замин ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Як замин, ду соҳиб ва се қарор. Айби раиси ноҳия ё даъвогарон? ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дарди "заминфурӯшӣ" давое ёфтааст? Таҳқиқи Радиои Озодӣ