Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон мегӯяд, соли гузашта бо вуҷуди пандемияи COVID-19 ҷангу хушунат, таъқибҳо ва нақзи ҳуқуқи башар тахминан 3 миллион нафарро дар саросари олам аз хонаҳояшон берун кардааст. Дар маҷмӯъ шумори мардуми беҷошуда дар ҷаҳон 82,4 миллион нафарро ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш ин омор ду баробар зиёд шудаст.
UNHCR дар гузориши наве бо номи “Тамоюлҳои ҷаҳонӣ” мегӯяд, тахминан 70 дарсади беҷошудаҳо аз 5 кишвар – Сурия, Венесуэла, Афғонистон, Судони Ҷанубӣ ва Мянмар мебошанд. Филиппо Гранди, раиси ин созмон мегӯяд, ки аз замони шурӯи ҳисобу китоби беҷошудаҳо ин омор баландтарин мебошад. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши бесобиқа дар ҳолест, ки пандемия ҳукмфармо буду бисёриҳо дару дарвозаҳои кишвару хонаҳои худро баста дар хона монданд. Ба гуфтаи ӯ, 160 кишвари сарҳадҳоро баста, аз ҷумла, паноҳҷӯёну фирориёнро ҳам ба дохил роҳ надоданд.