Ҳикматулло Сайфуллозодаро дар бемористони зиндон ҷарроҳӣ карданд

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви зиндонии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ

Пизишкони беморхонаи зиндоне воқеъ дар шаҳри Ваҳдат қалби Ҳикматулло Сайфуллозода, узви зиндонии ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ҷарроҳӣ кардаанд.

Амали ҷарроҳӣ рузи 16-уми июн се соат тӯл кашидааст ва ба қавли наздиконаш, “бомувафаққият” анҷом ёфтааст. Пизишкон ба наздиконаш гуфтаанд, ки аз қалби Сайфуллозода як ғадуди зиёдатиро берун кардаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозодаро, ки соли 2015 боздошт ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар моҳи апрели имсол, дар пайи бад шудани вазъи саломатиаш, дар беморхонаи маҳбас бистарӣ карданд.

Як масъули маҳбаси Ваҳдат рӯзи 16-уми июн бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷарроҳии қалби ин маҳбусро Сафархон Латифов, сарпизишики беморхонаи Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия дар Ваҳдат анҷом дод.

Ӯ гуфт, аз се ҳафтаи пеш Сайфуллозодаро ба амалиёт омода карда буданд ва ҷарроҳӣ соати 12-и имрӯз тамом шуд.

Пайвандони Сайфуллозода гуфтанд, ки аз ҷарроҳӣ шудани ӯ аз чанд рӯзи пеш хабар доштанд.

Фароғат Сангинова, ҳамсари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, як пизишки маҳбас пас аз анҷоми ҷарроҳӣ ба назадаш омад ва амали ҷарроҳиро хуб арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт, чанд соли ахир шавҳарашро як ғадуде, ки дар қалбаш пайдо шуда буд, азият медод. “Пизишкон бисёр муносибати хуб карданд. Хабари хуби дигар ин буд, ки ба ман иҷозаи мулоқот бо шавҳарамро доданд ва гуфтанд, ки баъди ба ҳуш омаданаш метавонам беморхона дарояму бубинам. Охирин маротиба дар моҳи ноябр мулоқот доштам ва се моҳе, ки ӯ дар беморхона бистарӣ буд, иҷозат надода буданд. Вазъияти зиндагиям хуб нест, мушкили иҷтимоӣ дорам ва ба кумак ниёз дорам.”,--гуфт ҳамсари Сайфуллозода.

Қаблан низ Фароғат Сангинова гуфта буд, ки аз вазъи саломатии шавҳараш нигарон аст. Ӯ гуфта буд, ки шавҳараш пас аз гирифторӣ ба коронавирус дар зиндон ҳоли хуб надорад ва хонавода низ бинобар тангдастӣ наметавонанд ба ӯ кӯмак кунанд.

Он замон масъулини зиндонҳо гуфтанд, саломатии Сайфуллозода хуб аст ва ҳеч ҷойи нигаронӣ надорад, вале омодаанд, то ҳадди имкон ба ӯ ёрӣ кунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳикматулло Сайфуллозодаро аз зиндон ба бемористон бурдаанд

Сангинова мегӯяд, барои харидани доруҳои шавҳараш дар як моҳ то 200 сомонӣ ва барои табобати ӯ дар ҳар се моҳ ҳудуди 1500 сомонӣ лозим аст, ки надоранд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва масъули ҳафтаномаи "Наҷот" буд. Ӯро дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошту зиндонӣ карданд.

Мақомоти Тоҷикистон он сол Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва ҳизби наҳзати исломиро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он айбдор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.

Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода, мегӯяд, шавҳараш одами эҷодкор буд ва мехоҳад, ҳукмаш бозбинӣ ва аз зиндон озод карда шавад.

Дар гузашта пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон "сабук" ва аз 50-сола боло шуда буданд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.

Сайфуллозодаи 70-сола дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва баъдан ба шонздаҳ сол зиндон маҳкум шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Кор нест, кумак нест". Ҳукме, ки зиндагии даҳҳо касро дар Тоҷикистон дигар кард. ВИДЕООмбудсмен ба дархости хешони аъзои зиндонии ҳизби наҳзат "не" гуфтҲикматулло Сайфуллозодаро аз зиндон ба бемористон бурдаандХешони чанд узви зиндонии Ҳизби наҳзат ба омбудсмен аризаи шикоятӣ навиштаандВазири тоҷик гуфт, касе дар зиндон аз СОVID нафавтидааст. Ба гуфтааш шубҳа доранд. ВИДЕОHRW беэътиноии Трамп ва ҳукумати Тоҷикистон ба ҳуқуқи инсонро танқид кард Ҳамсари Сайфуллозода гуфт, пул надорад ба шавҳари зиндониаш дору харад. Мақомот ваъдаи кумак додандПосухи Додситонии кулли Тоҷикистон ба пайвандони як гуруҳ аз маҳбусон