Владимир Путин, президенти Русия ҳузури муҳоҷирони ғайриқонуниро дар ин кишвар то 30-юми сентябр тамдид кард.
Аз 1-уми июл будубоши худро қонунӣ кунед. Мунтазири 30-уми сентябр нашинед
Бар асоси амри Путин, дар сурати вайрон накардани қонунҳои Русия муҳоҷироне, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ин кишвар ҳузур доранд, то охири моҳи сентябр депорт ё ихроҷ намешаванд. Агар онҳо қонуншикание дар гузашта карда бошанд, барои он ҷарима мешаванд. Давоми ин 90 рӯз онҳо бояд санадҳои худро дуруст ва кору зиндагиашонро қонунӣ кунанд. Пештар ба муҳоҷирон то 15-уми июни имсол чунин муҳлат дода буданд.
Вадим Коженов, роҳбари Федератсияи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 15-уми июн дар шарҳи ин амри раисҷумҳури Русия гуфт, мувофиқи он давоми 90 рӯзи дигар мақомот ҳақ надоранд, муҳоҷиронро аз қалмарави Русия берун ё ихроҷ кунанд ва дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон ба қаламрави ин кишвар қарор қабул намоянд. Ҳамчунон ба гуфтаи Коженов, ин амр барои афви муҳоҷирони дар Русия қарордошта заминаи ҳуқуқи фароҳам меорад. "Яъне агар шумо 6-7 сол дар Русия ғайриқонунӣ қарор доштед, ҳақ доред ба идораи пулис муроҷиат кунед ва агар ҳуқуқвайронкуние доштед, шуморо ҷарима мекунанд. Вале бо пардохти ҷарима шумо ҳақ пайдо мекунед, ки санадҳои худро аз нав дуруст кунед ва ҳузури қонунӣ дар Русия дошта бошед. Ман ба шумо тавсия медиҳам, ки аз 1-уми июл ба идораҳои пулис муроҷиат карда, будубоши худро қонунӣ кунед. Мунтазири 30-уми сентябр нанишинед",--гуфт ӯ.
Дар хабари дафтари матбуоти ҳукумати Русия гуфта шудааст, ки то он замон мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ қарорҳои ихроҷи маҷбурӣ содир намешавад. Қарори пешин имрӯз, 15-уми июн ба охир расид ва ин мояи ташвишу нигаронии садҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ гардид, ки то нимаи июн натавонистанд, аз қайди нави мақомоти Русия гузаранд. Навбатпоиву талотуми зиёд дар назди муассисаҳои бақайдгирии расмии муҳоҷирон яке аз хабарҳои доғи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд.
Дар шарҳи қарор мақомоти рус гуфтанд, ки бино ба идомаёбии маҳдудиятҳои давраи пандемия, набуди парвозҳои мунтазам ба кишварҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳо қарор шуд, ки мӯҳлати бақайдгирӣ 90 рӯзи дигар тамдид шавад. Онҳое, ки натавонистанд ҳузури худро дар Русия ба расмият дароранд, акнун то 30-юми сентябр метавонанд ин корро анҷом диҳанд.
Ҳафтаҳои охир ба дасти Радиои Озодӣ аз гӯшаҳои гуногуни Русия наворҳое мерасанд, ки навбатпоии муҳоҷиронро барои гирифтани патент ва қонунӣ кардани ҳуҷҷатҳояшон нишон медиҳанд.
Вазорати корҳои дохилии Русия моҳи апрел ҳушдор дода буд, ки ҳудуди 247 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ғайриқонунӣ дар ин кишвар ҳастанд ва бояд барои пешгирӣ аз ихроҷи маҷбурӣ зудтар ҳузури худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд.
Мақомоти тоҷик ба дурустии омори ВКД-и Русия шубҳа доранд ва иддао мекунанд, ки ин рақам тӯли солҳои зиёд ҷамъ шуда, бештаре аз ин афрод алакай ба ватан баргаштаанд.
Соли гузашта пас аз хуруҷи коронавирус ва баста шудани марзҳо ҳукумати Русия қарор кард, ки ҳузури ғайриқонунии муҳоҷиронро дар ин кишвар тамдид намояд.
Моҳи марти соли 2020 ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус марзҳо миёни кишварҳо баста шуд ва аксари идораҳои давлатӣ корро қатъ карданд. Ҳазорон муҳоҷири кории тоҷик бекор монданд ва имкон наёфтанд, ки санадҳои худро қонунӣ кунанд. Аз ин рӯ, ҳукумати Русия ба муҳоҷирон фурсати бештар дод, ки санадҳои худро дуруст кунанд.
Маъмулан, барои ҳузури ғайриқонунӣ, муҳоҷиронро аз Русия ихроҷ мекунанд. Дар чанд соли ахир беш аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ихроҷ шудаанд ва ҳаққи вурудро надоранд.
Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ватан кори доимӣ надоранд, талош мекунанд, ҳамасола барои кор ба Русия раванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Эҳтимоли сабуктар шудани қоидаи сабтиноми муҳоҷирон дар Русия Мӯҳлати таъйиннамудаи Русия барои қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён ба поён мерасадАз мақомоти Русия хостанд, ба муҳоҷирон то 15 сентябр фурсат диҳандГуфтугӯи мақомоти Тоҷикистону Русия ба поён расид. Ба муҳоҷирон то 30 июн фурсат доданд. ВИДЕО