"Федератсияи муҳоҷирон" аз ниҳодҳои Русия хостааст, ки муҳлати қонунӣ кардани ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар то 15-уми сентябр дароз кунанд. Муҳлати ҳозира 15-уми июн ба поён мерасад.
Вадим Коженов, раиси "Федератсияи муҳоҷирон", рӯзи 8-уми июн дар наворе гуфт, дархости онҳо пас аз навбатпоиҳои тӯлонӣ дар назди марказҳои муҳоҷирати Русия эълон шуд. “Аз мақомот хоста шуд, то се моҳи дигар ба муҳоҷирон иҷозат диҳанд, ки ё ҳуҷҷатҳои худро қонунӣ кунанд ва ё бидуни муҷозот аз кишвар раванд”, -- афзуд ӯ.
Аммо то куҷо пешниҳоди Федератсияи муҳоҷирон аз сӯи мақомоти Русия пазируфта мешавад, маълум нест.
Ҳафтаҳои охир ба дасти Радиои Озодӣ аз гӯшаҳои гуногуни Русия наворҳое мерасанд, ки навбатпоии муҳоҷиронро барои гирифтани патент ва қонунӣ кардани ҳуҷҷатҳояшон нишон медиҳанд. Муҳоҷирон талош доранд, то замони таъиншуда ҳузури худро дар Русия қонунӣ намоянд.
Вазорати корҳои дохилии Русия моҳи апрел ҳушдор дода буд, ки ҳудуди 247 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ғайриқонунӣ дар ин кишвар ҳастанд ва бояд барои пешгирӣ аз ихроҷи маҷбурӣ зудтар ҳузури худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд.
Мақомот ба дурустии омори ВКД-и Русия шубҳа доранд ва иддао мекунанд, ки ин рақам тӯли солҳои зиёд ҷамъ шуда, бештаре аз ин афрод алакай ба ватан баргаштаанд.