Туркия гуфтааст, хоҳишманди ба вазорати дифои Қирғизистон тақдим кардани ёрии низомию фаннӣ мебошад. Дар ин бора рӯзи 12-уми июн дар поёни сафари расмии президент Содир Ҷабборов ба Туркия Руслан Қазоқбоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод. Ӯ дар бораи ҷузъиёти ёрии низомӣ чизе нагуфт.
Қазоқбоев гуфт, ки ин аввалин тамоси сиёсии миёни Содир Ҷабборов ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон буд, ки дар сатҳи баланд гузашт ва ҳарду раҳбар ба пуштибонии ҳамдигар изҳори омодагӣ карданд. Ӯ гуфт, ки Туркияву Қирғизистон “шарикони стратегӣ ва ба ҳам бародар” мебошанд, ки таъриху фарҳанг ва умумиятҳои забонӣ доранд. Ҷабборов 9-10-уми июн дар Туркия буд ва ин нахустин сафари ӯ ба ин кишвар дар мақоми раиси ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.