Гурӯҳе аз занони тоҷик дар паноҳгоҳи “Ал‑Ҳавл”‑и Сурия аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, хостаанд, ки онҳоро зудтар ба ватан баргардонад.
Ин занон ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷики узви ДОИШ ҳастанд, ки аксарият мегӯянд, бо фишори шавҳарон ва бе дарки дақиқи ин амал ба Сурия рафта, пас аз шикасти гуруҳи тундрав аз се то чаҳор соли охир бо кӯдакони хурдсол дар паноҳгоҳҳо қарор доранд. Шумораи умумии занону кӯдакони тоҷик дар онҷо наздик ба 600 нафар ҳисоб шудааст.
"Шикоят аз рӯзгори бисёр сахт"
Дар номаи занон ба президент, ки нусхаи он рӯзи 10‑уми июн дастраси Радиои Озодӣ шуд, вазъи худу кӯдаконашон “бисёр сахт” гуфта мешавад. Тавре аз нома бармеояд, ангезаи нигоштани он аз суханронии президент дар шаҳри Исфара бархостааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 500 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия бармегардонандЭмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба Исфара дар моҳи апрел дар суханроние дар Исфара ваъда кард, ки занону кӯдакони дармонда дар паноҳгоҳҳои Сурияро ба ватан бармегардонанд. Ин паём дар Сурия низ шунида шудааст, ки занон менависанд, “ин ба мо умед ба ояндаи хуб бахшид”.
Занони тоҷик дар нома гуфтаанд, аз иқдоми шавҳаронашон акнун якҷо бо кӯдакони хурдсоли худ ранҷ мекашанд: “Дар интизори бозгашт ба ватан ҳастем ва хоки ватанро болотар аз ҳама чиз медонем. Мо азобе дидем, ки Худо ба касе нишон надиҳад. Намехоҳем фарзандонамон дар ин мулк ояндаи нохуб дошта бошанд”.
"Фарзандон аз маданият дур шудаанд"
Маълум нест, ки ин нома то дастгоҳи президент расидааст, ё не, аммо Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, ки ҳамзамон масъули баргардондани занону кӯдакон аз Сурия ҳаст, рӯзи 10‑уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, масъала ҳамоно дар дастури рӯз аст ва “сафорат корҳоро давом дода истодааст”.
Ӯ гуфт, “дар ин бора супориши раҳбари давлат аст ва он ҳатман иҷро хоҳад шуд.”
Яке аз нависандагони нома, ки худро Фотима номид, ба Радиои Озодӣ гуфт, се сол боз ваъдаи бозгаштро мегиранд, вале ҳеч нест, ки амалӣ шавад.
Занони тоҷик аксаран дар паноҳгоҳи Ал‑Ҳавл ва Рожи Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, ки зери назорати курдҳо қарор доранд. Курдҳо ба ҳукумати Башор Асад итоат намекунанд ва мустақилона амал мекунанд.
“Хеле шароити сахт дорем. Вақте се‑чаҳор тоҷик дар лагери Ал‑Ҳавл буд, мақомоти тоҷик мегуфтанд, агар як ҳавопаймо одам шавед, мебарем. Ҳозир ду ҳавопаймо одам ҷамъ шудааст. Аз дур мегӯянд, ки мегирем, лекин намегиранд. Фарзандон аз маданият дур шудаанд. Ҷуз сангу хок чизе намебинанд, ҷуз хаймаҳо чизе намебинанд. Курдҳо давлат нестанд ва як гурӯҳ ҳастанд, ки ҳар рӯз метавонад бо мо коре кунад ва касе ҷавобгарашон накунад. Агар намебаранд, эълон кунанд, ки намебарем”, ‑‑ гуфт Фотима.
Фотима нақл кард, ки шавҳараш соли 2014 ӯро бо ду кӯдак фиреб кард, ки барои кор ба Туркия меравем. Ӯ гуфт, вақте омаданд, пас аз чанде шавҳараш ҳалок шуд ва аз аввал то охир дар хонаҳои торике нигаҳдорӣ мешуданд.
"Хости худ" ё "фиреби шавҳар"?
Занон сари ҳар сухан аз "фиреби шавҳарон" ёд мекунанд, вале ин воқеият низ будааст, ки баъзе аз онҳо бо шавҳаронашон ҳамандеш буда, рафтан ба ҷабҳаи ҷанги мазҳабиро бошуурона интихоб кардаанд ва бархеи дигар ин имкониятро доштаанд, ки ба даъвати шавҳаронашон аз Сурия ва Ироқ тан надиҳанд ва ба ин роҳ нараванд. Қисме ҳам, гуфтан душвор аст, пайомади қадами худро дар вақташ дарк накарда бошанд, чун мавзуъ дар ҳама ҷо сари забонҳо буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз вазир то президент ваъда доданд. Чаҳор сол "интизорӣ"-и занону кӯдакони тоҷик дар СурияАммо акнун вазъи занону кӯдаконро дар паноҳгоҳи Ал‑Ҳавли Сурия Созмони Милали Муттаҳид низ “ваҳшатнок” хондааст ва аз ҳукуматҳо хостааст, шаҳрвандони худро баргардонанд. Дар ин паноҳгоҳ аз давлаҳои гуногун беш аз даҳ ҳазор хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад. Тоҷикистон яке аз даҳ давлати дунёст, ки дар ин паноҳгоҳ теъдоди шаҳрвандонаш зиёд гуфта мешавад.
Тоҷикистон дар соли 2019 беш аз 80 кӯдаки ҷангҷӯёни ДОИШ‑ро аз Ироқ баргардонд ва эълон кард, ки занону кӯдаконро аз Сурия низ бармегардонад. Мақомот мегӯянд, дар ихтиёри курдҳо будани паноҳгоҳҳову итоат накардани онҳо ба давлати расмии Сурия, санад надоштани занону кӯдакони тоҷик ва пандемияи коронавирус нақшаи баргардонидани занону кӯдаконро ба ақиб андохт.
"Ақидаи ба ҳам зидди мансабдорон"
Аммо як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфт, дар ҳукумат то ваъдаи худи Эмомалӣ Раҳмон барои баргардондани занону кӯдакон андешаи ягона набуд. Ӯ афзуд, баъзе аз мансабдорон бо эҳсоси раҳм ба кӯдакон хостори баргардонидани онҳо ҳастанд, вале бархеи дигар онҳоро “занону кӯдакони террорист” медонанд.
“Ҳоло, ки худи президент ваъда дод, дигар онҳо шояд ошкоро мухолифат карда натавонад”, ‑‑ гуфт ӯ.
Дар паноҳгоҳи Ал‑Ҳавли Сурия беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик ниҳадорӣ мешавад. Фотима, зане, ки се сол боз дар ин паноҳгоҳ ҳаст, мегӯяд, на ҳама занон дар ин ҷо хостори бозгашт ба ватан ҳастанд. Ӯ гуфт, гурӯҳе фиребхӯрда ва пушаймоншуда ҳастанд, вале гурӯҳе низ дар ин лагер ҳаст, ки ҳанӯз таҳти ақидаҳои ДОИШ ҳастанд ва намехоҳанд ба ватан раванд.
“Онҳое, ки нома навиштаанд, ҳатто дар замони дар ҳудуди ДОИШ будан, аз мақомот барои бозгашташон ёрӣ мехостанд. Яъне, инҳо гуноҳ накардаанд ва тарс надоранд ва дар ҳақиқат ақидаи ифротӣ надоранд. Лекин он гуруҳе, ки чунин ақида дорад, ҳатто аз худашон хабар надодаанд ва худашонро номнавис ҳам накардаанд”, ‑‑ афзуд ӯ.
Мақомоти тоҷик низ гуфта буданд, ки аз шумораи беш аз 400 зану кӯдак дар Ал‑Ҳавл танҳо наздики 300 нафар барои бозгашт ба ватан ризоят додаанд.
Хилофати худхондаи ДОИШ, ки 30‑юми июни соли 2014 аз таъсиси худ хабар дод, беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро дар қаламравҳои Сурия ва Ироқ ба худ ҷалб кард. Ин хилофат соли 2019 пурра шикаст хӯрд. Аксар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ироқу Сурия бо ҳадафи шомил шудан ба ин созмон рафта буданд, нопадид шуданд, вале баъзе дар паноҳгоҳ ва маҳбасҳои ин кишварҳо нигаҳдорӣ мешаванд.