Додситонии Лаҳистон (Полша) як мардро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Русия ба муддати се моҳ ба ҳабс гирифт.
"Гумонбар фаъолиятҳои худро дар Лаҳистон, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигар анҷом медод, ки бахше таблиғоти Русия ва тарҳҳои дурӯғпароканӣ ба ҳадафи суст кардани мавқеи Ҷумҳурии Лаҳистон дар Иттиҳоди Аврупо ва дар саҳнаи байналмилалӣ буд", -- гуфт Додситонии умумии кишвар дар баёнияе дар таърихи 10-уми июн.
Дафтари додситонӣ аз гумонбар Janusz N ном бурда, гуфтааст, дар натиҷаи ҷустуҷӯ аз манзил ва дафтарҳои вобаста ба ӯ беш аз 300 ҳазор злоти (муодили 81 ҳазору 450 доллар) ва шумораи зиёде аз дастгоҳҳои маълумот мусодира шуд.
Тибқи ин баёния, "ӯ бо супориши шахсоне, ки дар хадамоти ҷосусии Русия кор мекарданд, кӯшиш кард ва бо сиёсатмадорони Лаҳистон ва хориҷӣ, аз ҷумла бо онҳое, ки дар порлумони Аврупо кор мекунанд, робита барқарор кунад."
Русия ҳанӯз дар робита ба ин боздошт изҳори назар накардааст. Дар сурати исботи иттиҳом, ба ин шахс то 10 сол зиндон таҳдид мекунад.