Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) дар доираи таҳқиқи парвандаи ҷиноии фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор" чанд мансабдори дигари пешинро боздошт кард.
Ба ин тартиб, ахиран Дониёр Норимбоев, намояндаи пешини президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва вакили пешини порлумони он кишвар Алмосбек Баатирбеков ба парванда ҷалб шудаанд. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ин ду танро боздошт кард.
Дониёр Норимбоев солҳои 2012-2015, дар замони президентии Алмосбек Отамбоев раиси дастгоҳи президент буд. Алмосбек Баатирбеков ду давра вакили порлумон буд.
Дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" то ин замон вакилони кунунии порлумон Асилбек Ҷеенбеков ва Торобой Зулфиқоров, вакилони пешин Исҳоқ Пирматов ва Талантбек Узакбоев, инчунин сарвазири пешини Қирғизистон Омурбек Бабанов боздошт шудаанд. Ҳамаи онҳо дар фасодкорӣ гумонбар мешаванд.