Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Қирғизистон хост, ки қазияи нопадид шудани бунёдгузори шабакаи мактабҳоb "Сапат"-ро дар ин кишвари Осиёи Миёна таҳқиқ кунад.
Ин созмон ҳамзамон нигаронӣ кардааст, ки дар сурати ихроҷи иҷбории Орхан Инон ба Туркия, хафви шиканҷа ва муҳокимаи ношаффофи ӯ дар онҷо вуҷуд дорад.
Гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи башар рӯзи 9-уми июн бо нашри баёния гуфт, Орхан Инон, ки шаҳрвандии Туркия ва Қирғизистонро дорад, эҳтимол ба гумони робитааш бо гурӯҳи Фатҳуллоҳ Гюлен мавриди азият қарор бигирад.
Дар панҷ соли гузашта ҳукумати Туркия борҳо аз Қирғизистон хоста буд, ки фаъолияти шабакаи мактабҳои "Сапат" зери раҳбарии Инонро қатъ кунад. Ин мактабҳо ба ҳамкорӣ бо Фатҳуллоҳ Гюлен муттаҳам мешаванд. Ҳукумати Туркия Гюленро барои кудатои нокоми тобистони соли 2016 айбдор мекунад.
Орхан Инони 53-сола президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 31-уми майи имсол дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада, гуфтааст, дар роҳ ба сӯйи хонаашон мебошад.
Ҳамсари вай Райҳон Инон ҳафтаи гузашта гуфт, далелҳое дорад, ки Орхан Инон дар сафорати Туркия дар Бишкек боздошт шуд. Аммо Сафорати Туркия ин иддаоро рад кард.
Эътирозгарон дар Бишкек озодии ӯро талаб мекунанд. Бисёре аз тазоҳургарон ба ин бовар ҳастанд, ки Орхан Инон аз сӯйи ниҳодҳои истихборотии Туркия рабуда шудааст.