Узбекистон тасмим гирифтааст, ки аз шаҳри Самарқанд то шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд роҳи оҳан созад.
Ҳамзамон мақомоти кишвари ҳамсояи Тоҷикистон қитъаи роҳи оҳан аз Бекобод то ноҳияи Конибодомро барои ба роҳ мондани ҳаракати қатораҳо тариқи барқ бозсозӣ кардан мехоҳанд.
Ҷониби Узбекистон мегӯяд, ин ҳама дар чаҳорчӯби ҳадафи ташкили фазои муштараки нақлиётӣ дар минтақа сурат мегирад.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳамоиши коршиносони ду кишвар чӣ гуфтанд?
Тоҷикистону Узбекистон таъсиси фазои муштараки нақлиётиро ҳадафи худ қарор додаанд. Дар ҳамоиши коршиносони ду кишвар дар пешорӯи сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон сеюми июн дар Душанбе ин мавзӯъ матраҳ шуд. Гуфта шуд, ки бо ин ҳадаф Тошканд мехоҳад дар бунёди роҳи оҳан ба водии Зарафшон ва барқикунонии қитаъи роҳи оҳан аз Бекободи Узбекистон то ба Конибодоми Тоҷикистон саҳм бигирад. Акрам Неъматов, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ ва минтақавии Узбекистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи асосии кишвараш таъмини шароит барои ҳамлу нақл дар минтақа будааст.
Ӯ гуфт: “Ҳоло дигар тарҳҳо низ баррасӣ мешаванд. Аз ҷумла, сохтмони роҳи оҳан аз Самарқанд то ноҳияи Айнӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар маҷмӯъ, ҳоло Тоҷикистону Узбекистон мехоҳанд, фазои ягонаи нақлиётӣ эҷод кунанд. Ман фикр мекунам ин қобили қабул аст”.
Тоҷикистону Ӯзбекистон бовар доранд, бо амалӣ шудани ин тарҳҳои иртиботи заминӣ, интиқоли молу коло, равуо ва тиҷорати байни ду кишвар бамаротиб меафзояд. Аз ҷумла, мақомоти ду кишвар ҳадаф доранд доду гирифти маҳсулот аз 350 миллион доллари соли гузаштаро дар ояндаи наздик то ба як миллиард доллар расонанд.
Сохтмони роҳ идеяи кӣ буд?
Сайфуллоҳ Қодиров, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, вазоратхонаҳои нақлиёти ду кишвар мавзӯи осон кардани равуо аз тариқи гузаргоҳҳои марзиро низ мавриди баҳсу барраӣ қарор доданд. “Инчунин, дар вохӯрии ахири ҷонибҳо масъалаи барқарорсозии фаъолият тавассути гузаргоҳи сарҳадии Патар аз тарафи Тоҷикистон ва Андархон аз тарафи Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Аз он ҷумла, ҷонибҳо масъалаи барқарорсозии ҳамлу нақли байналмилалии мусофиркашонӣ тавассути автобусҳоро бо хатсайрҳои қаблан вуҷуддошта байни Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ намуданд. Дар ин бора санади ҳусни тафоҳум низ имзо шудааст”,--гуфт ин масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Манобеи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар сӯҳбати бидуни сабт гуфтанд, ки сохтмони роҳи оҳан аз Самарқанд то ба Панҷакент пешниҳоди ҷониби Душанбе буд ва Тошканд ин пешниҳодро пазируфт ва барои сармоягузории он омода шуд. Қаблан, мақомоти тоҷик кашидани хатти роҳи оҳан аз Душанбе ба шимоли кишвар тавассути дараи Қаратоғро дар даст доштанд. Мақомот мегӯянд, рушди бахши саноати кӯҳӣ дар водии Зарафшон ниёзи кишвар барои сохтмони роҳи оҳан ба ин минтақаро бештар кардааст.
Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳи бурунрафт
Коршиносони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон дар солҳои баъд аз касби истиқлол ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои бурунрафт аз бунбасти иртиботӣ ҳаст. Ба эътиқоди Умед Давлатов, таҳлилгари тоҷик, тавсеаи равобит бо Узбекистон чунин шароитро фароҳам кардааст. “Ба роҳ мондани ҳам роҳи заминӣ ва роҳи қатораву мошингард, таҷдиди онҳо, ифтитоҳи роҳҳои нав ин ҳам ба нафъи ҳам Тоҷикистон аст ва ҳам Узбекистон. Ҳамчунин, ба нафъи мардум аст, ки рафтуомади онҳо роҳаттар мешаваду додугирифт байни ду кишвар меафзояд”,--гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Маркази тадқиқоти стратегӣ ва минтақавии Узбекистон то замони хуруҷи бемории ҳамагири COVID19 ҳамарӯза аз марзи Тоҷикистону Узбекистон то 20 000 нафар аз ҳарду ҷониб убур мекарданд. Ба иттилои ин манбаъ, 25 дарсади сайёҳоне, ки ба Узбекистон дар соли 2019 сафар кардаанд, тоҷикистониён будаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Баъди ҳафт сол: Ҳаракати қатори Кӯлоб-Маскав аз сар гирифта шуд. ВИДЕОСоҳибкорони Суғд: "Нархи нави роҳи оҳан моро касод мекунад"Узбекистон дар интиқоли мол ба Тоҷикистон сабукӣ додТавофуқи Тоҷикистону Узбекистон бар сари роҳи АмузангБаъди тахриби "Девори Каримов". Тоҷикистон хост, 5 гузаргоҳи дигар боз шавадИфтитоҳи 9 гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Узбекистон. ВИДЕО, АКС“Амузанг – Хатлон”. Нахустин қатор рӯзи 7-уми март мегузарадРоҳи байни Шаҳритус ва Сурхондарё боз шуд. АКС